Шерхон Салимзода: 560 нафар дигар нашъаманд нестанд!

— Агентии назорати давлатии маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар соли 2016 808 кг маводи нашъаоварро аз муомилоти ғайриқонунӣ мусодира кардааст, — гуфт дар оғози гузоришаш зимни нишасти матбуотӣ директори АНДМН Шерхон Салимзода. — Умуман,    соли гузашта аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии  кишвар аз муомилоти ғайриқонунии 3 тоннаю 526 кг маводи нашъаовар мусодира карда шудааст. Дар ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ нисбат ба соли 2015 1 тоннаю 250 кг ё 26 фоиз камтар маводи мухаддир мусодира гардидааст.

Шерхон Салимзода сабабҳои кам мусодира шудани маводи нашъаоварро дар мустаҳкам кардани сарҳади давлатӣ бо Афғонистон, кам шудани  киштзорони нашъаовар дар ҳамсоякишвар, дигар кардани самтҳои интиқоли маводи нашъаовар аз тарафи миёнаравҳо ва ҳадафрас бароҳмонии корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ маънидод намуд.

-Масалан, як шаҳрванди Тоҷикистонро бо даҳҳо кг нашъа дар сарҳади Эрону Озарбойҷон дастгир карданд, — мисол овард директори АНДМН.

Инчунин, зикр гардид, ки тибқи иттилои расмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ то имрӯз дар кишвар  7067 нафар ҳамчун нашъаманд ба қайд гирифта шудаааст, ки аз ин 401 нафар ҷавонон ва 175 нафар зан мебошанд. Шумори бештари нашъамандон дар шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шудааст – 2654 нафар. Сафи онҳо дар вилояти Суғд -1147 нафар, вилояти Хатлон -1385 нафар, ВМКБ – 807 нафар ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ -1047 нафар мебошад.  Тибқи омор ба ҳар 100 ҳазор аҳолии Тоҷикистон 89 нашъаманд рост  меояд, ки назар ба кишварҳои дигари олам хеле кам аст. Аммо ин маънои онро надорад, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии  кишвар ором нишинанд.  Бо ҷидду ҷаҳди табибони нарколог 560 нафар табобат ёфта, ба ҳаёти солим рӯ оварданд ва аз рӯйхати нашъамандон бароварда шуданд.

Ҳамзамон, қабл аз баргузории нишасти матбуотӣ дар ҳузури намояндагони васоити ахбори омма, кормандони ВКД, КДАМ, АНДМН ва дигар сохторҳои қудратӣ 430 кг маводи нашъаовари муодирашуда сӯзонида нобуд карда шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *