Шеъри Фарзона дар “Ал-Азҳар”. Чӣ муҳаққиқи арабро шефтаи шеъри шоири тоҷик кард?

Бори аввал дар ҷаҳони араб доир ба адабиёти муосири тоҷик таҳқиқоти илмӣ анҷом дода шуд. Муҳаққиқи араб Асмоа Аҳмад рисолаи доктории худро доир ба ғазалиёти Фарзонаи Хуҷандӣ дар яке аз қадимтарин ва бонуфузтарин донишгоҳҳои ҷаҳон – Донишгоҳи Ал-Азҳари кишвари Миср дифоъ кард. Мо бо хонум Асмоа Аҳмад дар тамос шудем ва бо ӯ суҳбате анҷом додем, ки фишурдаи он манзури шумо мешавад.

– Хонум Асмоа Аҳмад, нахуст ба хонандагони мо дар бораи худатон маълумот диҳед.

– Банда Асмоа Аҳмад Муҳаммад Атия ҳастам. Хатмкардаи бахши забон ва адабиёти форсии Факултаи илмҳои гуманитарии Донишгоҳи Ал-Азҳар мебошам. Соли 2018 магистратураи донишгоҳро бо мадраки аъло хатм кардам. Чун дар замони таҳсил дар гурӯҳи худ аввал будам, маро соли 2021 ҳамчун муаллимаи ёрдамчӣ дар кафедраи забон ва адабиёти форсӣ ба кор пазируфтанд. Инак, дараҷаи докторӣ гирифтам. Мавзуи рисолаи доктории банда«Ғазали муосири форсӣ дар Тоҷикистон. Дар мисоли ғазалиёти Фарзонаи Хуҷандӣ. Таҳлили амалӣ» ном дорад. Дар бораи худам илова мекунам, ки аҳли шаҳри Қоҳира, пойтахти Ҷумҳурии Миср ҳастам. Оиладор ва соҳиби як духтар.

– Ба адабиёти форсӣ аз кай таваҷҷуҳ пайдо кардед ва чаро маҳз адабиёти Тоҷикистонро мавзуи таҳқиқоти хеш қарор додед?

– Ман ба забону адабиёти форсӣ аз замони таҳсил алоқамандӣ доштам, осори Ҳофиз, Саъдӣ, Умари Хайём ва дигар шуарои бузургро мехондам. Пас аз пазируфта шуданам ба кор дардонишгоҳ таваҷҷуҳам ба адабиёти форсӣ бештар шуд ва намунаи зиёде аз осори адибони пешини имрӯзро барои донишҷӯён тарҷума ҳам кардаам. Баъдан, бо адабиёти форсии тоҷикӣ ошно шудам ва ба он алоқаманд гардидам. Адабиёти тоҷик воқеан як адабиёти арзишманд аст, ки кам муаррифӣ шудааст ва дар мо ба таври кофӣ омӯхта нашудааст. Бинобар ин, банда адабиёти муосири тоҷикро ҳамчун мавзуи таҳқиқоти хеш қарор додам. Зеро он дорои мавзуҳои инсонӣ ва миллӣ мебошад. Миллати тоҷик ҳамеша барои ҳифзи худшиносӣ, ҳифзи ватан ва нигоҳдории арзишҳои ахлоқии худ мубориза мебурд ва ҳамаи ин равандҳо равшан дар осори адабӣ инъикос ёфтаанд, аз ҷумла дар шеърҳои шоироне чун Мирзо Турсунзода, Муъмин Қаноат, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Гулрухсор ва Фарзонаи Хуҷандӣ. Ҳамчунин, дар осори нависандагоне мисли Садриддин Айнӣ, Ҷалол Икромӣ ва дигарон.

– Бо эҷодиёти Фарзонаи Хуҷандӣ бори нахуст кай ошноӣ пайдо намудед?

– Ман бо эҷодиёти Фарзонаи Хуҷандӣ ҳангоми таҳсил ошно шудам. Ашъори эшон бо воқеъбинӣ, баёни ҳувияти миллӣ ва арзишҳои инсонӣ ва ахлоқӣ фарқ мекунанд. Фарзона яке аз муҳимтарин овозҳои занона дар адабиёти муосири форсизабон ба шумор меравад. Ӯ дар сохтор ва маънои ғазали форсӣ навоварӣ кардааст ва шеъреро пешниҳоди мо намудааст, ки ҳамзамон дорои вижагиҳои суннатӣ ва муосир мебошад.

– Ба назари шумо эҷодиёти Фарзонаи Хуҷандӣ чӣ махсусиятҳо дорад?

– Эҷодиёти ӯ майдони ҳосилхезе барои омӯзиши шеъри муосири форсӣ, махсусан ғазали форсӣ дар шакли муосири он ба шумор меравад. Шеъри Фарзона бо забони софу шаффоф, тасвирҳои навоварона ва мазмунҳое, ки ишқ, озодӣ, худшиносӣ, ҳувият ва рӯйоварӣ ба арзишҳои инсониро ба ҳам омезиш медиҳанд, фарқ мекунад. Ғазал яке аз маъруфтарин қолабҳои ашъори Фарзонаи Хуҷандӣ мебошад, ки дар он омезиши сабкҳои хуросонӣ ва ҳиндӣ, мазмунҳои ахлоқӣ ва равонӣ, инчунин ҳувияти миллӣ, худшиносӣ ва муҳаббат ба Ватан инъикос шудааст.

– Оё боре ба Тоҷикистон сафар доштед ва бо Фарзонаи Хуҷандӣ шинос ҳастед?

– Ман то ҳол ба Тоҷикистон сафар накардаам, аммо орзу дорам, ки дар ояндаи наздик онро зиёрат кунам. Бо хонум Фарзона ҳам шиносоии шахсӣ надорам, аммо бо духтаронашон тариқи интернет гуфтугӯ доштам.

Рисолаи илмии худатонро ба мо муаррифӣ кунед. Он ба кадом забон навишта шудааст ва кадом мавзуҳоро дар бар мегирад?

– Рисолаи доктории ман, тавре ишора шуд, «Ғазали муосири форсӣ дар Тоҷикистон. Дар мисоли ғазалиёти Фарзонаи Хуҷандӣ. Таҳлили амалӣ» ном дорад. Рисола зери роҳбарии профессор, доктор Абдуллоҳ, устоди забон ва адабиёти форсӣ ва мудири кафедраи забон ва адабиёти форсӣ ва профессор, доктор Абдулъазим Муҳаммад, устоди забон ва адабиёти форсӣ дар факултет (роҳбари муштарак) ба анҷом расид. Рисола аз се боб иборат аст.  Боби аввали он «Даврони шоир ва муҳити ӯ (1964 м.)» ном дорад, ки он ба се фасл тақсим шудааст: Фасли якум: «Ҳаёти сиёсӣ дар Тоҷикистон дар асри ХХ»; Фасли дуюм: «Ҳаёти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар Тоҷикистон дар асри ХХ»; Фасли сеюм: «Зиндагии шоир, муҳит ва ҷойгоҳи адабии ӯ». Боби дуюми рисолаи банда «Шеъри муосири тоҷик ва марҳилаҳои рушди он» ном дорад. Боби сеюм «Ғазалиёти Фарзонаи Хуҷандӣ» ном дорад. Он низ аз се фасл иборат мебошад: Фасли аввал: «Масоили иҷтимоӣ ва инсонӣ дар ғазалҳои Фарзонаи Хуҷандӣ»; Фасли дувум: «Равияи ахлоқӣ дар ғазалҳои Фарзонаи Хуҷандӣ»; Фасли сеюм: «Таҳлили ҳунарӣ ва бадеии ғазалҳои Фарзонаи Хуҷандӣ». Дар ин рисола банда кӯшиш кардам, ки дар бораи адабиёти муосири Тоҷикистон, марҳилаҳои рушди он ва эҷодиёти яке аз чеҳраҳои барҷаста ва таъсиргузори он изҳори назар намоям. Рисола ба забони арабӣ таҳия шудааст ва дар оянда ба шакли китоб нашр хоҳад шуд. 

– Дар бораи Донишгоҳи “Ал-Азҳар” ва бахши забон ва адабиёти форсии он маълумот диҳед.

Донишгоҳи “Ал-Азҳар”соли 972-и милодӣ (361-и ҳиҷрӣ) дар шаҳри Қоҳира аз ҷониби Фотимиён ҳамчун масҷид барои ибодат таъсис ёфт, сипас, ба донишгоҳе табдил ёфт, ки илмҳои гуногунро тадрис мекунад. “Ал-Азҳар” сеюмин донишгоҳи қадимтарин дар ҷаҳон шинохта мешавад. Фаъолияти донишгоҳ танҳо бо илмҳои шаръӣ маҳдуд нашуда, дар он факултаҳои тиб, муҳандисӣ, илмҳои дақиқ, дорусозӣ, тиҷорат, забонҳо, омӯзиш ва тарбия (педогогика) ва ғайра низ тадрис мешавад. Дар донишгоҳ, тавре ишора кардам, бахши забон ва адабиёти форсӣ амал мекунад. Ҳамчунин, дар донишгоҳи мо донишҷӯён аз Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таҳсил мекунанд.

– Дар кафедраи забон ва адабиёти форсӣ дар Донишгоҳи Ал-Азҳар кадом марҳилаҳои адабиёти тоҷик тадрис мешаванд ва донишҷӯён кадом осори нависандагони муосири тоҷикро мехонанд?
– Ҳамаи марҳилаҳои адабиёти форсии тоҷикӣ тадрис мешаванд.
Аммо адабиёти муосири тоҷик бештар омӯхта мешавад ва таваҷҷуҳи бештар ба он равона мегардад. Осори адабони муосири тоҷик – Садриддин Айнӣ, Ҷалол Икромӣ, Мирсаид Миршакар, Мирзо Турсунзода, Муъмин Қаноат, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Фарзонаи Хуҷандӣ ва дигарон тадрис мешавад. Ҳамчунин, дар донишгоҳ омӯзиши адабиёти муосири тоҷик оғоз шуда, муҳаққиқоне ҳастанд, ки адабиёти тоҷикро ба ҳайси мавзуи пажӯҳиш қарор додаанд. 

Мусоҳиб: Одил НОЗИР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *