Шиноварони тоҷик аз Қазоқистон 19 медал оварданд

Дар шаҳри Алмаато панҷумин Ҷоми кушоди Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба варзиши шиноварӣ миёни “Мастерсҳо” баргузор гардид.

Дастаи Тоҷикистон дар ҳайати се нафар — Аҳмадҷон Умаров дар миёни собиқадорони то 69-сола, Шуҳрат Гадоев дар байни шиноварони то 50-сола ва миёни ҷавонони то 24-сола Екатерина Бардачёва иштирок карданд.

Рақобатҳо аз рӯи панҷ навъи шиноварӣ ҷараён гирифта, Аҳмадҷон Умаров дар миёни устодони варзиш чор медали тилло ва нуқра ба даст овард. Шуҳрат Гадоев бошад, дар миёни иштирокчиёни то 54-сола 7 медал, аз ҷумла 3 тилло ба даст овардааст. Екатерина Бардачёва се нишони тилло ва як нишони нуқраро соҳиб шудааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.