Ширкати 9 паҳлавони тоҷик дар мусобиқаи Қазоқистон

Аз 4 то 7-уми август дар шаҳри Нур-Султони Қазоқистон Чемпионати ҷудои Осиё баргузор мешавад, ки дар он намояндагони Тоҷикистон низ ширкат мекунанд.

Баргузории ин мусобиқа ба нақша гирифта нашуда буд, вале пас аз ба таъхир афтодани Бозиҳои Осиё Иттиҳоди ҷудои Осиё тасмим гирифт, ки чунин як чорабиниро баргузор кунад.

Дар Чемпионати Осиё 180 варзишгар (104 мард, 76 зан) аз 19 кишвари қора ширкат мекунанд. Аз ҷумла Тоҷикистонро 9 варзишгар намояндагӣ хоҳанд кард, ки инҳо Муҳаммад Маҳмадизода дар вазни -60 кг, Шаҳбоз Саидаброров дар вазни -66 кг, Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни -73 кг, Сомон Маҳмадбеков ва Шодмон Ризоев дар вазни -81 кг, Комроншоҳ Устопириён ва Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни -90 кг, Абӯбакри Акобир дар вазни -100 кг, Темур Раҳимов дар вазни +100 кг ҳастанд. Барномаи мусобиқа 4-уми август аз сабқати занон дар вазнҳои -48 кг, -52 кг, -57 кг ва мардон -60 кг, -66 кг оғоз мешавад. 5-уми август занон дар вазнҳои -63 кг, -70 кг ва мардон дар вазнҳои -73 кг, -81 кг мубориза мебаранд. Рўзи 6-уми август занҳои вазни -78 кг, +78 кг ва мардони вазни -90 кг, -100 кг, +100 кг ба майдон мебароянд. Дар рўзи 7-уми август, ки марҳилаи ниҳоӣ аст, рақобатҳои даставии омехта баргузор хоҳанд шуд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.