Ширкати Nokia дар Тоҷикистон расман ба фаъолият оғоз кард
23 май дар меҳмонхонаи “Serena” бахшида ба оғози фаъолияти расмии ширкати Nokia дар бозори алоқаи Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо гурӯҳи ширкатҳои «Вавилон» чорабинии бошукӯҳ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони воломақом, аз ҷумла сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло, муовини Президенти ширкати Nokia Питер Вуковитс, роҳбари минтақавии Nokia дар Украина, Осиёи Марказӣ, Каспий Евгений Балычев, роҳбари минтақавии Nokia дар АвруОсиё Александ Шунин, роҳбари Nokia дар Узбекистон Павел Родионов, ҳамчунин намояндагони ширкатҳои телекоммуникатсионӣ, сафоратхона, муассисаҳои молиявӣ ва меҳмонон иштирок намуданд.



Чорабинӣ бо сухани раиси Шӯрои Директорони гурӯҳи ширкатҳои «Вавилон» Беҳзод Файзуллоев ифтитоҳ ёфт. Тавре ки номбурда изҳор дошт:
«Имрӯз барои гурӯҳи ширкатҳои “Вавилон” ва тамоми соҳаи алоқаи кишвар рӯзи таърихист. Мо оғози расмии ҳамкории худро бо яке аз пешсафони ҷаҳонӣ дар соҳаи алоқа ширкати Nokia эълон менамоем».
Инчунин, сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло оғози фаъолияти Nokia-ро як қадами муҳим дар рушди соҳаи алоқа арзёбӣ намуда, онро оғози як марҳилаи нав ва умедбахш дар таърихи алоқа номид.
Сипас, муовини Президенти ширкати Nokia Питер Вуковитс бо сухани ифтитоҳии худ оғози расмии фаъолияти ширкатро дар Тоҷикистон эълон намуд ва таъкид кард, ки ин рӯйдод барои ҳар ду ҷониб таърихӣ мебошад.
Дар рафти чорабинӣ намояндагони ширкати Nokia фаъолияти ширкатро муаррифӣ намуданд. Чорабинӣ бо зиёфати расмӣ анҷом ёфт.
Ба иттилои гурӯҳи ширкатҳои «Вавилон» ин ҳамкорӣ ба воридшавии технологияҳои муосир, рушди соҳа ва фароҳам сохтани имкониятҳои нав барои шаҳрвандон, соҳибкорон ва дар умум ҷомеа мусоидат мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ