Ширкати се паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон (аудио)

Аз 10 то 18-уми сентябр дар шаҳри Белгради Сербия Чемпионати ҷаҳонии куштӣ баргузор мешавад, ки дар он намояндагони Тоҷикистон ширкат мекунанд.

Иттиҳоди ҷаҳонии куштиҳо (UWW) хабар медиҳад, дар чемпионат, ки аз рўи 10 вазн дар куштии озод, 10 вазн куштии юнонӣ-римӣ ва 10 вазн куштӣ миёни бонувон баргузор мешавад, зиёда аз 800 нафар аз 73 кишвари дунё сабти ном шудаанд.

Ҷумҳурии моро дар ин чорабинӣ се варзишгар дар куштии озод намояндагӣ хоҳанд кард. Инҳо Муҳаммад Икромов (-57 кг), Ҳикматулло Воҳидов (-61 кг) ва Шуҳрат Бозоров (-79 кг) ҳастанд. Дар рўзи аввали чемпионат — 10-уми сентябр қувваозмоиҳои чор вазн, рўзи дуюм чор вазни дигари куштии юнонӣ-римӣ баргузор мешавад. Рўзи 12-уми сентябр чемпионат бо сабқатҳо дар ду вазн миёни занон ва ду вазни куштии юнонӣ-римӣ идома меёбад. Рўзҳои 13-14-уми сентябр бонувон бо чор вазн дар як рўз майдондорӣ мекунанд. 15-уми сентябр куштии озод дар чор вазн, 16-уми сентябр дар се вазн ва рўзи 17-уми сентябр дар се вазн ба нақша гирифта шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *