Шоҳҷоизаи “Фурӯғ…” 140 ҳазор мешавад
Мукофотпулӣ барои ғолибони озмунҳои «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм – фурӯғи маърифат» 100 фоиз зиёд карда мешавад. Аз Вазорати маориф ва илми кишвар хабар доданд, ки иқдоми мазкур аз соли оянда татбиқ мешавад..
Онгоҳ дар озмуни “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” барои ғолибони ҷойи якум 70 000 (35 000), ҷойи дуюм 50 000 (25 000 )ва ҷойи сеюм 40 000 (20 000) сомонӣ муқарар мешавад. Барандагони Шоҳҷоиза аз рӯи 4 номинатсия ҳар яке соҳиби 140 000 мегарданд, ки ҳоло нархи он ба 70 000 сомонӣ баробар аст.
Феълан дар озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” соҳибони ҷойи якум 35 000, ҷойи дуюм 25 000 ва ҷойи сеюм 15 000 сомонӣ шуда, ғолиби Шоҳҷоиза барои ихтироъкорӣ ва навоварӣ 70 000 сомонӣ мегирад.
Ғолибони озмуни “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” бошад ҳоло соҳибони ҷойи якум 35 000, ҷойи дуюм 25 000 ва ҷойи сеюм 15 000 сомонӣ шуда, ғолибони Шоҳҷоиза аз рӯи 5 номинатсия соҳиби 50 000 сомонӣ мешаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ