Шоира дар Истанбул сазовори ҷоизаи “Занон барои сулҳ” шуд

 Шоири тоҷик Шоираи Раҳимҷон дар ҷашнвораи байналмилалии шеър “ЛИФФТ”, ки аз 11 то 14 ноябр дар шаҳри Истанбули Туркия ҷараён дорад, сазовори ҷоизаи “Занон барои сулҳ” шудааст.

Барои иштирок дар ин ҷашнвора, ки бори панҷум баргузор карда мешавад, беш аз 500 адиб аз 69 кишвари дунё номнавис карда буданд. Вале ба сабаби пандемия бисёре аз ин удабо дар ҷашнвора ба сурати онлайн иштирок мекунанд.

Шоираи Раҳимҷон барои иштироки мустақим дар ҷашнвораи “ЛИФФТ” ба Истанбул рафта буд ва рӯзи 12 ноябр дар радифи 16 адиби дигари зан аз саросари ҷаҳон барандаи ҷоизаи “Занон барои сулҳ” шуд.

“Барандаи ҷоизаи “Занон ба хотири Сулҳ ” шудем. Беҳтарин ҷоиза дар ин шабурӯз, ки ҳамаш аз СУЛҲ мегӯем ва нафрин мехонем ба ҷангҷӯён. Шодам ва хеле мамнун.

Тоҷики ман, хонаат бо хишти СУЛҲ обод бахш,

Бар хилофи амри шайтон, Бар хилофи номи бад!”,

 навиштааст Шоира.

Шоираи Раҳимҷон 31 марти соли 1977 дар ноҳияи Орҷоникидзеобод (ҳоло – шаҳри Ваҳдат) ба дунё омада, риштаи забону адабиёти тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Аввалин дафтари шеъраш соли 2003 бо номи «Нахустин номаҳои дард» нашр шуд, китоби дуюмаш бо номи «Вопасин номаҳои дард» соли 2013 ба дасти хонандагон расид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *