Филми коргардони 25 –солаи тоҷикро дар Барселона тамошо мекунанд

Этюд»- филми нахустини коргардон Мумин Латифии 25-сола аст.  

Филми кӯтоҳи бадеии «Этюд»-и Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар ҷашнвораи 12-уми байналмилалии филмҳои варзишии Барселона намоиш дода мешавад. Филми мазкурро  “Тоҷикфилм” таҳия намудааст. Он дар ҷашнвораи номбурда, ки аз 14 то 20-уми феврал баргузор мегардад, намоиш дода мешавад.

Филми фарогири 16 дақиқа, дар жанри драмаи варзишӣ ба навор гирифта шудааст.  Филм дар бораи писаре нақл мекунад, ки дар оилаи навозанда таваллуд шуда, ба воя расидааст. Падару модараш мехоҳанд, ки ӯ ба мусиқӣ машғул шавад, аммо писарбача ба футбол таваҷҷуҳ дорад.

«Этюд» филми нахустини коргардон Мумин Латифии 25-сола аст. Вай хатмкардаи шуъбаи коргардонии Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *