Аз «TOEFL» то “Cambridge”: Ифтитоҳи чор маркази нав дар ДДЗТ

Рӯзи 12 ноябр дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ду толори лексионӣ барои 200 ҷойи нишаст, маркази TOEFL (тести забони англисӣ ҳамчун забони хориҷӣ), Маркази тарҷумонӣ ва тарҷумаи ҳамзамон, Маркази рушди маҳорати методӣ, Маркази Кембриҷ барои баҳогузории сифати кори устодон ва донишҷӯён ва толори фарҳангии донишкада пас аз азнавсозӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Вазири маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Муҳаммадюсуф Имомзода ҳамроҳи ректорони донишгоҳу донишкадаҳои мамлакат марказҳои нави донишкадаи мазкурро ифтитоҳ намуданд.

Зубайдулло Мусайямов, декани факултети забони англисии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон  дар суҳбат бо мо гуфт, ки ифтитоҳи Маркази омодакунии имтиҳони байналмилалии «TOEFL» таҷрибаи аввал дар байни муассисаҳои олии мамлакат мебошад, ки ҷиҳати омода кардани донишҷӯён барои супоридани имтиҳони сатҳи байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст. Дар марказ мутахасисони сатҳи байналмилалӣ ҷалб гардидаанд, ки бо довталабон дарсҳои назариявӣ ва амалӣ мегузаронанд. Яке аз имконияти ин марказ бархурдор гардидани дорандагони сертификати имтиҳони байналмилалии «TOEFL» аз бурсияҳои давлатҳои Аврупо, Амрико ва Канада мебошад.

Пас аз ифтитоҳ ва муаррифии чор маркази нав дар донишкадаи мазкур толори фарҳангии донишкада пас аз азнавсозӣ мавриди истифода қарор гирифт ва он ҷо аз ҷониби дастаи ҳаваскорони  “Субҳи ҷавонии мо”- и Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон барномаи хотирмону фарҳангӣ дар сатҳи баланд манзури тамошобинон гардид.

Муфассал дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *