Аз як ҳолати нав то шумораи ваксингирифтаҳо дар Тоҷикистон

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки дар як шабонарӯзи охир 1 нафар дар кишвар аз коронавирус сироят ёфта, 3 нафар шифо ёфтанд.

Бояд гуфт, ки вазорат рӯзи 11- уми ноябр низ аз гирифтор шудани ду нафар ба маризии коронавирус хабар дода буд.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии Вазорати тандурустӣ дар Тоҷикистон 47,3%, яъне 2 миллиону 758 ҳазору 384 нафари калонсоли калонсоли кишвар зидди коронавирус ваксина гирифтаанд. Аз ҷумла, аз шумораи мазкур 2 миллиону 265 ҳазору 815 нафарашон вояи дувуми ваксинаро қабул кардаанд.

Дар маҷмӯъ, аз 30 апрели соли 2020 то 12 ноябри соли 2021 дар кишвар 17 091 нафар гирифторони сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 16 965 нафар шифо ёфтаанд ва бар асари бемории мазкур 124 нафар фавтидаанд.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон панҷ доруи зидди COVID-19 мавҷуд аст: CoronaVac, AstraZeneca, Moderna, Pfizer ва Sputnik V.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *