Шоири меҳру дардҳои Ватан

30-юми январ донишманди маъруфи тоҷик, профессор Сафар Абдуллоҳ 70-сола шуд.

Номбурда пас аз хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) фаъолияти илмиашро соли 1978 дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ Тоҷикистон шуруъ намуда, соли 1979 дар Пажӯҳишгоҳи адабиёти ба номи Горкий (Маскав) ба коромӯзӣ пардохта, аспирантураро (1981-1984) дар ҳамин пажӯҳишгоҳ сипарӣ намудааст ва дар мавзӯи «Суннатҳои эпикӣ дар шеъри муосири тоҷик» рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст. Солҳои 1981-1991 муаллими Институти адабиёти ҷаҳонии ба номи Горкий ва ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ ва баъдан Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии АИ Тоҷикистон будааст.

Дар оғози солҳои 90-ум ба Қазоқистон ҳиҷрат намуда, аз соли 1993 корманди Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии АИ Ҷумҳурии Қазоқистон ва ҳамзамон, профессори Донишгоҳи равобити байналмилалӣ ва забонҳои ҷаҳони Қазоқистон ба номи Абилайхон мебошад.

Соли 2007 дар Алмаато фаслномаи илмии «Эроннома»-ро таъсис дод. Таҳаввули шеъри муосири тоҷикӣ, суннату навоварӣ дар шеър, танқиди адабӣ, равобити адабӣ ва фарҳангии эрониён бо кишварҳои ҳамҷавор, бахусус, туркитаборон, забони форсӣ ва нақши он дар густариши фарҳанг дар Шарқи асрҳои миёна муҳимтарин мавзӯоти таҳқиқоти ӯ мебошанд. Роҷеъ ба ин мавзуъҳо наздик ба 500 мақола ва гузоришҳои илмӣ навиштааст, ки дар Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Қазоқистон ва Русия ба табъ расидаанд. Муаллиф ва мураттиби китобҳои «Нури сухан», «Магические мосты», «Шаранги андӯҳ», “Рӯшноии сухан”, “Магия солва”, «Марсияи Хуршед», «Магия Навруза», «Историко-культурные связи Ирана и Дашт-и-Кипчака», «Фарҳанги тахассусии форсӣ ба русӣ», “Суфизм в Иране и Центральной Азии” (2006), “Бӯе зи Мӯлиён”ва ғайра мебошад. Ӯ ҳамчунин, таҳиякунандаи Куллиёти осори шоири маъруфи қазоқ Олжас Сулаймонов (дар 8 ҷилд) ва муаллифи сарсухани муфассали он мебошад.

Маҷмӯаи ашъораш таҳти унвони “Заҳри ғурбат” дар Кобул ба табъ расидааст.

Аҳли қалами ҳафтаномаи “Тоҷикистон” донишманди номвар Сафар Абдуллоҳро ба муносибати 70-солагии мавлудаш табрик гуфта, ба эшон саломатӣ ва умри дароз таманно доранд.

Дар қаламрави забон ва адаби форсии тоҷикӣ шеър ва нақд аз ибтидо бо ҳам буданд. Бархе аз шоиронамон нақд мекарданду тоифае аз ноқидонамон шеър мегуфтанд. 

Шоироне, ки бо нақд машғул шудаанду ноқидоне, ки шеър гуфтаанд, аз се тоифа иборатанд:

1. Шоирони ноқид, монанди Рашиди Ватвот, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Маликушшуаро Баҳор, Садриддин Айнӣ, Ҳабиб Юсуфӣ, Абдусалом Деҳотӣ, Алиризо Қазва, Муҳаммадалии Аҷамӣ, Салими Зарафшонӣ, Сураё Ҳакимова, Дишодаи Фарҳодзод ва дигарон.

2. Ноқидони шоир, аз қабили Давлатшоҳи Самарқандӣ, Атоуллоҳ Маҳмуди Ҳусайнӣ, Баҳром Сирус, Абдулқаюми Қавим, Алӣ Муҳаммадии Хуросонӣ, Нуралии Нурзод, Салими Хатлонӣ, Баҳром Мирсаидов, Муҳриддин Сабурӣ ва дигарон.

3. Онҳое, ки ҳам шоири ноқид ва ҳам ноқиди шоир ҳастанд, чун Мирзо Турсунзода, Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Гулназар, Камол Насрулло, Фарзона, Муҳаммад Шафеъии Кадканӣ, Аскар Ҳаким, Низом Қосим, Ато Мирхоҷа, Умриддини Нӯшин, Нуралии Нурзод, Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизӣ, Илҳом Эшонзодаи Насафӣ,  Баҳроми Раҳматзод ва дигарон.

Агар дар фаъолияти офаринишии намояндагони тоифаи аввал шеърашон беҳтар аз нақдашон мебошад, нақди тоифаи дувум беҳтар аз шеърашон аст. Аммо онҳое, ки шоири ноқид ва ноқиди шоир ҳастанд, ҳам шеър ва ҳам нақдашон нағз аст.

Сафар Абдуллоҳ ҳам ноқиди хуб ва ҳам шоири хуб мебошад. Агар нақд ва таълифоти адабиётшиносиаш ба аҳли илму адаби тоҷик ва хориҷ ошно буд, аз шеър гуфтани ӯ кам касоне хабар доштанд. Камина вақте ки аз шеър гуфтанаш огоҳ гардидам ва бо намунаҳои он ошно шудам, солҳо пеш маслиҳат дода будам, ки онҳоро дар маҷмӯае гирд оварад ва чоп бикунад. Ӯ розӣ шуда буд, вале солҳо мегузаштанду ҷуръат намекард, ки онҳоро нашр намояд. Сабаби аслиаш дар он буд, ки вай нисбат ба шеъру шоирӣ серталаб ва сахтгир аст ва барояш меъёри асосӣ, пеш аз ҳама, осори шоирони бузурги гузашта ва муосири адабиёти форсии тоҷикӣ буд. Ниҳоят, бо гузашти солиёни дароз  чанд сол пештар ҷуръат намуд, ки намунаи шеърҳояшро дар саҳифаи интернетии худ бигузорад. Аз рӯйи ин намунаҳо порина бо кӯшиши адиби афғонистонӣ Исмоили Лашкарӣ маҷмӯаи нахустини шеърҳои Сафар Абдуллоҳ бо номи “Заҳри ғурбат” ба алифбои арабии форсиасос аз тарафи Гурӯҳи фарҳангии ҳамзабонон бо теъдоди 500 нусха ба табъ расид. 

Сабаби асосии аз назари аксарияти аҳли адаб ва илми ҷумҳурӣ дур мондани фаъолияти шоирии Сафар Абдуллоҳ низ дар ҳамин мебошад. Зеро, аввалан, аз аҳли адаб ва илми тоҷик як теъдоди ками онҳо бо интернет ва сомонаҳои интернетӣ ошноӣ доранд. Сониян, ҳанӯз ҳам аксарияти кулли онҳо ба намунаи шеърҳое, ки аз тариқи сомонаҳои интернетӣ пахш мегарданд, бо шакку шубҳа менигаранд ва онҳоро “адабиёти ғайрирасмӣ” мешуморанд.

Мавзуҳои меҳварии шеъри Сафар Абдуллоҳ инҳоянд: ишқ ба Ватане, ки аз он ба иллати бӯқаламуниҳои замонааш – фоҷеаи солҳо 90-ум дур аз ёру диёр  афтода; меҳр ба ёре, ки аз ӯ дур дар Ватан монда; ёди падару модар ва бузургони илму адаби миллат, ки марги нобаҳангом онҳоро рабуд; баёни ҳоли хеш ва гузашти умр; ёди айёми ҷавонию рафтани он ва фаро расидани даврони пирӣ ва ғ.

Чизе, ки ин мавзуҳои гуногунро дар шеъри шоир ба ҳам пайвастааст, баёни дард аст: дарду аламе, ки бар асари воқеаҳои солҳои 90-уми асри гузашта ба сари Ватани азизаш ва мардумони он тамоми балоҳои осмонию заминӣ фурӯ рехтанд; дарде, ки ӯро аз падару модар, наздиконаш, дӯстонаш, ёри ягонааш ҷудо кард; дарди ҳиҷрат, ки дар мулки бегона ба сар мебарад; дарду аламе, ки умри азизашро дар ғурбат мегузаронад ва ғ. Барои ӯ дарди Ватан “дарди гарони миллат” ва худаш аст, ки аз ин дард синаи оташфишон дорад, онро, ба гуфтаи худаш, фаромӯш нахоҳад кард ва ба гӯр хоҳад бурд:

Афсӯс дардат, эй Ватан, дарди гарони миллат аст,

Ин дарси худнашносӣ аст, дидӣ чи ваҳмангез шуд!

Бо ин ҳама, як лаҳзае, бе ёди покат нестам,

То аз ту гуфтам ин ғазал, дардам дубора тез шуд.

***

Ман дарди туро ба гӯр хоҳам бурдан,

Дил бар наканам зи ту, магар то мурдан.

Дар шеъри Сафар Абдуллоҳ дарди Ватан танҳо ишора ва ё зикр нагардидааст, балки бозтоби шоирона ёфтааст. Чунончи дар байтҳои зер:

Ман ин ҷо зодаам, эй дӯст, ин ҷо реша дар хокам

В-аз инҷо меравад ҷони гиромӣ сӯйи афлокам.

Агар вайрона ё обод, ё дар банди истибдод,

Ман ин вайронаро дорам, ки бо ёдаш тарабнокам…

Ман ин ҷо зодаам, ин ҷо муҳаббат дидаам, эй дӯст,

Ҳам ин ҷо сар ниҳам, ин ҷо, ки бошад модари покам.

Шоир вақте ки аз Ватан, аз Тоҷикистон сухан мекунад, ҳамеша таъкид мекунад, ки барои ӯ ин мафҳум тавъам бо сарзамини таърихии тоҷикон – Самарқанду Бухоро, Ҳироту Балх, Нишопур, Шерозу Табрезу Ҳамадон, Кобулу Панҷшер, Хуросони бузург, Эрони таърихӣ мебошад:

Тоҷикистони ман, эй пораи Эрони бузург!

Хиттаи Суғду Хуросон ҳама даргоҳи ман аст.

Барои Сафар Абдуллоҳ мафҳуми Ватан густурдатар буда, бо ҷуғрофиёи бекарони забони порсӣ ҳаммаъност:

Меҳанам ҷуғрофиёи бекарони порсист,

Аҳли Эрону Хуросон, Тоҷикистон нестам!

Ватан дар тасаввури шоиронаи Сафар Абдуллоҳ на танҳо сарзамини таърихӣ, балки бузургони илму адаби он – Рӯдакию Фирдавсӣ, Синою Хайём, Саъдию Ҳофиз, Мавлоною Пири Ҳирот, Нимо Юшич, Айнию Турсунзода, Қаноату Лоиқ, Бозору Гулназар, Баҳманёр ва осори мондагори онҳо, амир Исмоили Сомониву Аҳмадшоҳи Масъуд ва корномаҳояшон мебошанд. Чунонки мегӯяд:

Ватан ҳам Рӯдакию Саъдии мост, 

Нахустустоду пири баъдии мост. 

Ватан девони Ҳофиз, ринди Шероз, 

Паёмаш раҳнамои роҳи фардост. 

***

Ватан Балху Ҳирот асту Нишопур, 

Ватан Пири Ҳироту Ганди Шопур. 

Ватан Хуҷанду Кӯлобу Бадахшон, 

Ватан пири хирадманд аст кофур. 

*** 

Ватан Айниву Турсунзодаи мост, 

Бузургоне ки зода, зодаи мост! 

Яке моро ба мо бинмуду бишнохт, 

Дигар ин шӯҳра аз озодаи мост!

Дурӣ аз Ватан ғаму дарду ҳасрати шоирро аз дурии ёраш низ шиддат бахшидааст. Чунончи:

Дардо, ки зи дидори дилороми ту дурам,

Муштоқ чунонам, ки пур аз шавқи ҳузурам.

Дур аз туву аз хешу табор аз Ватанам, оҳ,

Молад ба кафи пил дар ин ҳодиса мӯрам.

Безорам аз ин шаҳри пур аз ояти ғурбат,

Аз дидани ҳар чиз, ба ҷуз рӯи ту, кӯрам!

Ҳар лаҳза ба ёди Ватанам метапад ин дил,

Бе ёди Ватан зинда куҷо? Зиндабагӯрам!

Эй мояи ҳастии ману хатту нишонам,

Бо ишқи ту ман фарри Каён, матлаи нурам.

Гар қиссаи пурғуссаи худро ба ту гӯям,

Тарсам, ки ба поён нарасад қиссаи шӯрам…

Бо ҳама сахтиҳои дурӣ аз ёру диёр ва азобу уқубути зиндагӣ дар ғурбат, тавре ки шоир мегӯяд, вай пеши касе сар хам накардааст, ёру мададгори ӯ ёди ёру ёди Ватанаш будаанд.

Гар ҳанӯзам ҳастаму пеши касе сархам наям,

Ёди ту, ёди Ватан, шукри Худо, ёрӣ кунад.

Барои ӯ ватандорӣ дар гуфтор нест, шиор нест, балки ҳастии ӯст:

Ватандорӣ ватан гуфтан набошад,

Дилу ҷонам фидо гуфтан набошад.

Барои Сафар Абдуллоҳи донишманд, шоири ватанпараст ва зиёии асил зиндагӣ дар “ғарибхона” басо сахт мебошад. Чунончи:

Дар ин диёри ғурбат, бидуни ошно, ман

Нишаста дар ғами худ, хамӯшу бесадо ман.

Чунон асирам, эй дӯст, ки болу пар надорам, 

Дар ин ғарибхона миёни тангно ман!

На аз Ватан азизе дуруд мефиристад,

Мазори бенишонам, шабеҳи мурдаҳо ман.

Ватан, агарчи дурам, ба ҷони ман қарибӣ,

Вале дар ин хароба асири инзиво ман!

Ҳама вуҷудам аз туст, сари суҷудам аз туст, 

Ба ту суҷуд орам чу банда бар Худо ман. 

Ба ёди туст умрам, бо номи туст мурдан, 

Ба ду ҷаҳон нагардам даме зи ту ҷудо ман. 

Шаб асту абру танҳо, ҳаво гирифта ин ҷо, 

Ману хаёли Меҳан ва ёди ёр бо ман. 

Барои насли фардо, Ватан, ту бош зебо,

Дили ман аз ғами ту фигор шуд тамоман.

“Сахтии ранҷи ҷудоӣ зи азизону ҳабибон”, аз Ватан, ҳоли парешони он, вазъи нобасомони замона ва диёри таркида дар солҳои 90-уми асри ХХ, дурӣ аз падару модар, дили пора доштан аз ёди ёри ягона, зиндагӣ дар “ғурбатсаро”, “гӯшаи ҳузн”, “шаҳри дигарон”, танҳоӣ, дилмондагӣ “зи кулли дунё”, ҳолати “озодаи бехонумон”, марги нобаҳангоми азизони миллат – Лоиқ (2000), Муъмин Қаноат (2018), Гулназар (2020) ва Баҳманёр (2020) шоирро замоне ба олами яъсу ноумедиҳо кашондаанд.

Аз ин сабаб бисёре аз шеърҳои ӯро маҳзун гардондаанд ва муаллиф аз онҳо бо номи “шеъри танҳоии маҳзун” ёдовар шудааст.

Шоир, ки бар асари воқеаҳое, ки дар Ватанаш солҳои 90-ум ба вуҷуд омада буданд ва ӯ маҷбур шуда буд, ки тарки Ватан гӯяд ва тамоми талхиҳои дурӣ аз онро чашидааст, ба ҳамватанонаш маслиҳат додааст, ки бар ҳеч ваҷҳ онро тарк нанамоянд:

Ватанро тарк гуфтан коргар нест,

Ба осонӣ аз он рафтан ҳунар нест.

Касе тарки Ватан кардаст, донад,

Ки аз дурӣ ғаме сӯзандатар нест.

Шоир умед бар фардои неки Ватанаш ва миллаташ дорад ва бовараш бар он аст, ки ҳамаи балоҳои осмонию заминӣ дур хоҳанд шуд.

Сафар Абдуллоҳ ҳамчун шоир шеъри нағз мегӯяд. Ва ин чиз ба ӯ барои он муваффақ гардидааст, ки аз адабиёти гузашта ва кунунии форсии тоҷикӣ вуқуфи комил дошта, беҳтарин намунаҳои шеъри дунёро низ фаро гирифтааст. Вай ҳофизаи қавӣ дошта, соатҳо метавонад намунаҳои шеърро ба забонҳои форсии тоҷикӣ, русӣ, қазоқӣ ва ғайра қироат намояд. Саводи шоирииаш дар истифодаи унсурҳои шеърӣ – навъҳои шеърии гуногун (ғазал, рубоиву дубайтӣ, қитъа, чаҳорпора, мусаддасу мухаммас, шеъри нав), қофияву радифу вазн (арӯз, арӯзи озод), санъатҳои бадеӣ ва маъниву тасвирофаринӣ баланд аст. Дар шеъри ӯ ҷой доштани ҳамоҳангиҳо бо маъниҳои шоиронаи Рӯдакиву Фирдавсӣ, Хайёму Бобо Тоҳир, Ҳофизу Саъдию Мавлоно, Муъмин Қаноату Лоиқу Бозор Собир, Нодири Нодирпуру Симини Беҳбаҳонӣ, Раҳии Муайярӣ ва дигарон баҳрабардории огоҳона мебошад.

Ин нигоҳи шитобзадае ба шеъри Сафар Абдуллоҳ бармало сохт, ки ӯ на танҳо ноқид ва адабшиноси ростин ва эътирофшуда дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон аст, балки шоири асил ҳам мебошад ва бидуни шак, дар таҳаввулу такомул ва рушди шеъри муосири тоҷикӣ саҳм хоҳад гузошт.  

Абдунабӣ САТТОРЗОДА,

профессор, Узви пайвастаи Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *