Шоири тоҷик ба Конгреси байналмиллалӣ даъват шуд, оё рафта метавонад?

Ибодуллоҳи Солеҳ, шоири тоҷик ба Конгреси сеюми байналмиллалии нависандагон ва ҳунармандони Испано-Амрикоӣ, ки санаи 22, 23 ва 24 июл баргузор мешавад, расман даъват шуд. 

Тавре Ибодуллоҳи Солеҳ ба хабарнигори мо иттилоъ дод, пас аз тарҷума ва нашри осори ӯ бо забонҳои португалӣ (аз ҷониби Fatima Gaimero ва Jorge Segueira), арабӣ (аз ҷониби Salma Khan) ва русӣ (аз ҷониби Людмила Садовская) ба ин ҳамоиш роҳ ёфт.

То ин дам шеърҳои шоир Ибодуллоҳи Солеҳ дар маҷаллаҳои бонуфузи Бангладеш, Португалия ва Бразилия нашр шуда, тариқи радиои “Садои Афғон” садо дода буд.

Пас ин рӯйдоди фараҳбахш созмони нависандагони амрикои шимолӣ (СПСА), иттиҳодияи эҷодии Ӯзбекистон ва Олмон ӯро ба аъзогӣ таклиф намуданд.

Шоири тоҷик оё дар ин конгрес иштирок мекунад ё не, то ҳол маълум нест. Зеро ба гуфтаи худи ӯ, то ҳол ба як қарор наомадааст ва ба дастгирӣ ниёз дорад.

Амони Муҳаммад

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *