«Шоми бокс» бо ширкати Баҳодур Усмонова ва Давлат Болтаев
23-юми май дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон мусобиқаи «Шоми бокс» баргузор мешавад.
Дар рақобати асосӣ муборизаи 10-раундӣ миёни барандаи нишони биринҷии Чемпионати ҷаҳон, чемпиони Осиё, дорандаи камарбанди IBA.PRO Осиё Баҳодур Усмонов (9-0, КО 4) аз Тоҷикистон ва Алберт Пагара (35-1, КО 24) аз Филиппин баҳри дарёфти камарбанди чемпиони WBA Gold дар вазни сабук дар назар аст.

Ҷоизадори Бозиҳои олимпии Порис-2024 ва чемпиони Бозиҳои Осиё Давлат Болтаев (5-0, 2КО) аз Тоҷикистон бо Мвого Амугу майдондорӣ мекунад.
Чемпиони Осиё дар вазни сабук Акмал Убайдов (6-0, 2КО) аз Тоҷикистон бо Ержан Залилов аз Қазоқистон ба ринг мебарояд.
Чемпиони Русия Евгений Кул дар ринги касбӣ қадами аввалро мегузорад. Рақиби ӯ дар вазни 67 кг Фариозбек Ҳакимов (3-2, КО 3) аз Ӯзбекистон хоҳад буд.
Вохӯрии ҷавобӣ дар вазни ниммиёна байни Максим Черничук (8-0-1, КО 1) ва Майкл Кинг (6-3-1, КО 4, IBA.PRO 1-0) аз Люксембург баргузор мешавад.
Басир Абакаров (11-0, КО 9) бо Ҳалимҷон Мамасолиев (2-0, КО 2) аз Ӯзбекистон рақобат мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ