Шуҳрат Сайнаков: Аз торикӣ метарсам ва ин тарс маро хеле зиёд ҳамроҳ аст

Пас аз танаффуси начандон зиёд барномаи “Ногуфтаҳо”-и Орзу Исоев бо иштироки овозхони саршиноси кишвар Шуҳрат Сайнаков нашр гардид.

Орзу Исоев дар аввали барнома ёдовар мешавад, ки ҳамсуҳбаташ бори аввал мусоҳибаи муфассал медиҳад ва нахуст аз синну солаш пурсон мегардад.

Маълум мешавад, ки Шуҳрат Сайнаков ҳоло 47-сола буда, соҳиби ду фарзанд — як писару як духтар мебошад. Ӯ пеши худаш мақсад гузоштааст, ки дар санъат ба нуқтаи муайяне бирасад ва баъд хонадор шавад. Ҳамин тавр, дар синни 34-солагӣ оиладор шудааст.

— Падарам кам-кам ишора мекарданд, ки бояд зан гирам, вале ман мегуфтам, ки ҳоло омода нестам ва бо ҳамин дигар суҳбати мо тез намешуд,- илова мекунад ӯ.

Дар давоми суҳбат Шуҳрат Сайнаков аз шавқу завқи писараш ба соҳаҳои гуногун мегӯяд. Аз ҷумла, ишора мекунад, ки писараш аввал ба телефонбозиву танзими сурудҳо худро андармон мекард, баъд ба оббозӣ шуғл варзид ва ҳоло футбол тамрин мекунад. Ҳамчунин, мегӯяд, ки духтараш дарс мехонад, расм мекашад ва пухтупаз менамояд. Дар охири барнома блогер бо овозхон дар мавзӯи тарс суҳбат мекунанд. Шуҳрат Сайнаков мегӯяд, ки аз торикӣ метарсад ва ин тарс ӯро хеле зиёд ҳамроҳ аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *