Син Ҷинпин

Син Ҷинпин бори сеюм президенти Чин интихоб шуд

Рӯзи ҷумъа намояндагони Конгресси Миллии Халқ (NPC, парлумон) дар нишасти чордаҳуми худ сеюм маротиба Син Ҷинпинро ба мақоми президенти Чин интихоб карданд.

Ба гузориши расонаҳои Чин, Син Ҷинпин, ки моҳи июн 70-сола хоҳад шуд, пас аз ислоҳоти Қонуни асосии Чин дар соли 2018 метавонад ба таври бемаҳдуд борҳо мақоми раёсати давлатро бар уҳда бигирад.

Пас аз Конгресси бистуми Ҳизби коммунисти Чин дар моҳи октябр Син Ҷинпин барои сеюмин бор ба унвони Дабири Кулли КМ ҲК Чин интихоб шуд.

Син Ҷинпин соли 1953 дар Пекин дар хонаводаи як раҳбари инқилобию сиёсии барҷастаи Чин ба дунё омадааст. Соли 1974 ӯ ба Иттифоқи ҷавонони коммунисти Чин пайваста, баъдан дар сатҳи шаҳрию вилоятӣ фаъолияти ҳизбӣ доштааст.

Вай аз соли 1999 то 2002 раиси вилояти Фуҷиёни Шарқӣ буд, соли 2007 ба унвони Узви Кумитаи доимии Дафтари КМ ҲК Чин ва марти 2008 ба мақоми ноиби Раиси Ҷумҳурии Халқии Чин интихоб шуд.

Син Ҷинпин моҳи ноябри соли 2012 раёсати КМ ҲК Чин ва Шӯрои низомии КМ ҲК Чинро бар уҳда дошт ва дар марти 2013 бошад, мақоми раисҷумҳурию раиси Шӯрои низомии КМ ҲК Чинро бар уҳда гирифт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *