Ҷамолиддин Абдуллозода

Сипосномаи Вазорати тандурустии Русия ба Ҷамолиддин Абдуллозода

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз ҷониби Вазорати тандурустии Федератсияи Русия бо сипоснома қадрдонӣ гардид.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар сипоснома ба Ҷ. Абдуллозода барои саҳми назаррас гузоштан дар рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи тандурустӣ тақдим гардидааст.

Сипосномаи мазкурро вазири тандурустии ин кишвар Михаил Албертович Мурашко зимни баргузории форуми “Ҷомеаи солим”, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия баргузор гашт, ба муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ғафур Муҳсинзода супоридааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *