Хуросон

Хуросон: Мавзеи муассисаи таълимӣ иваз мешавад. Мақсад — бехатарии хонандагон

Мавзеи муассисаи таълимии рақами 12 дар ноҳияи Хуросон иваз карда мешавад. Ин тасмим ба хотири бехатарии хонандагон гирифта шудааст.

Нуринисо Подшоҳзода — мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Хуросон дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки соли 2020 ду бинои муассисаи таълимии рақами 12 зери обу лой монда буд. Ӯ мегӯяд, ки мақомоти маҳаллии ноҳияи Хуросон ва Вазорати маориф ва илм ба Ҳукумати кишвар оид ба ҷудо кардани замин дар дигар мавзеъ мактуб кардаанд.

“Соли 2021 барои бунёди муассисаи таълимии рақами 12 аз дигар мавзеъ 2 гектар замин ҷудо карда шуд. Аллакай мо сертификати ҳуқуқи истифодабарии заминро дастрас кардем. Лоиҳаи муассисаи таълимии нав ба Вазорати маориф ва илми мамлакат фиристода шуд. Муассисаи таълимии навбунёд дорои 480 ҷойи нишаст аст”,- афзуд ӯ.

Нуринисо Подшоҳзода гуфт, ки муассисаи таълимии рақами 12 дар деҳаи Неъматуллои Асадуллои ҷамоати деҳоти Садриддин Айнӣ ҷойгир аст. Феълан муассисаи таълимии мавриди назар дар мавзее ҷойгир аст, ки хатари зарар расидан аз сел мавҷуд аст. Замин дар деҳаи Ҳаждаҳум анҷумани ҳизб ҷудо шудааст. Ин деҳа ҳам дар ҷамоати деҳоти Садриддин Айнӣ буда, паҳлуи деҳаи Неъматуллои Асадулло ҷойгир аст.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *