Сироҷиддин Муҳриддин дар Нишасти 51-уми вазирони корҳои хориҷии СҲИ иштирок кард

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар шаҳри Истанбули  Туркия дар  Нишасти 51-уми вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) ширкат кард.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии  Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷаласа масъалаҳои муҳими байналмилалӣ, аз ҷумла вазъи кунунӣ дар минтақаҳои узви Созмон, махсусан вазъи феълии Давлати Фаластин, муноқишаи Исроил ва Эрон, ҳамчунин зарурати муборизаи дастаҷамъона бар зидди таҳдидҳои замони муосир, ба мисли терроризм ва экстремизм мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Сироҷиддин Муҳриддин зимни суханронӣ дар нишаст ба иқдомҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар самти муқовимат бо терроризм ва ифротгароӣ таъкид намуда, ҳамкории зичи кишварҳои узви СҲИ-ро дар ин самт зарур хонд.

Ҳамчунин,  Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратиро дар доираи Созмон муҳим арзёбӣ карда, иҷрои барномаҳои марбутаи СҲИ-ро яке аз омилҳои муҳими коҳиши сатҳи фақр, таъмини зиндагии шоиста ва рушди устувори иҷтимоиву иқтисодӣ дар кишварҳои исломӣ номид.

Ёдовар мешавем, ки Созмони ҳамкории исломӣ яке аз созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ буда, баҳри таҳкими иттиҳоди кишварҳои узв дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ фаъолият мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *