Ситора ба Афғонистон мекӯчад?

-Ситорабону, шунидем, ки ҳунарӣ ровигӣ доред?
-Касби журналистиро аз хурдиям дӯст медоштам, вале тақдир маро ба ҷодаи рӯзноманигорӣ неву ба роҳи сарояндагӣ бурд.

-Аз овозхон шуданатон пушаймонед?

адарам ин касбро барои ман интихоб карда буданд, вале аз он ки сароянда шудам, ҳаргиз пушаймон нестам.

-Имрӯз падаратон бо шумо ифтихор мекардагистанд?

Ҳар гоҳ ба аёдаташон равам, мегӯянд, ки муваффақ шудани ту самари интихоби падарат аст. Албатта ҳар як падар бо комёбиҳои фарзандаш ифтихор мекунад.

-Шунидем, ки Ситораи Кароматулло ба Афғонистон меравад. Тинҷӣ аст?

-Натарсед, ман ба Афғонистон намекӯчам! (механдад) Таронаҳои маро аз шабакаҳои Тулуъ, Орзу, ва АМС зиёд пахш мешаванд, аз ҳамин хотир, ният дорам, ки сарзаминиАфғонистонро зиёрат карда, барои мухлисони афғонам консерт диҳам.

-Соли сипаригашта барои Ситора чӣ гуна сол буд ва аз соли нав чиро интизоред?

Соли гузашта тӯйи арӯсиям барпо шуд, интизорам, ки имсол соҳиби фарзанд мегардам ва хушбахтиам комилтар мешавад. Аз нигоҳи эҷодӣ беҳтарин хотираи сол консерти хайриявие буд, ки мо ҳамроҳи Шоираи Раҳимҷон ташкил намуда, маблағи онро пурра ба хонаводае, ки фарзандашон маюби гурӯҳи якум буд, хайр кардем. Дар соли 2018 бохт надоштам, аз мошин сар карда, то хонаву дар ҳама чизро дар соли саг соҳиб шудам.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *