Ситораи турк мехоҳад ятимеро ба фарзандӣ бигирад

Айча Айшин Турон аз зумраи ҷавонтарин ҳунармандони синамои турк ба шумор меравад, ки дар як муддати хеле кӯтоҳ ба комёбиҳои беназир ноил гаштааст. Шӯҳрати ин духтараки фариштарӯй баъди сериали “Афсонаҳои ҷазира” даҳчанд афзуда, на танҳо дар ватанаш Туркия, балки дар кишварҳои дигар низ мухлисони сершумори худро пайдо кард.

Имрӯзҳо Айчаро дар қатори ситораҳои синамои Туркия ба шоу-барномаҳои мухталиф даъват менамоянд ва асрори зиндагии ин зебосанамро донистан мехоҳанд. Дар яке аз чунин барномаҳо, ки “Эмпатия» ном дошта, тариқи шабакаи NTV -и Туркия пахш мешавад ва тамошобинони бешумор дорад, Айча Айшин Турон тамоми дардҳои дар ҳаёт аз сар гузаронидаашро ошкоро қисса кардааст.

Дар ин барнома журналист Аҳмад Мумтоз аз Айча хотироти даврони кӯдакиашро пурсон мешавад. Маъмулан ситораҳо аз худ шоҳдухтар тарошида, мегӯянд, ки аз кӯдакӣ зиндагии афсонавӣ доштанд, вале Айча ба ин савол чунин посух додааст:

-Кӯдакии ман хеле барвақт бо марги падарам ба охир расид. Албатта модарамро ҳам дӯст медорам, вале барои ман дар ҳаёт шахсӣ аз ҳама азизтарин падарам буд, чунки ману падарам мисли дӯстони ҷонӣ будем. Вақте ки падарам мурд, хаёл кардам, ки дунё якбора ба сарам чаппагардон шуда, маро бо бори гаронаш маҷақ кард…”.

Актриса худро дошта натавониста, зор-зор гиря мекунад ва дар ҳоле, ки ашки чашмонаш рӯяшро мешӯяд, гириста-гириста нақлашро идома медиҳад:

-Баъди сари падарам мани наврас маҷбур будам, ки масъулияти кашидани бори зиндагиро бар дӯш бигирам. Азобҳои бисёре кашида бошам ҳам, ҳаргиз ашки чашмонамро ба касе нишон намедодам. Лабонам ҳамеша пур аз ханда буданд, вале дилам хун мегирист…

Ҳамин тавр Айча ба тамоми саволҳои журналист ошкоро ҷавоб дода, чизеро пинҳон намекунад. Ин зебосанами машҳур ҳатто қиссаи ишқу ошиқиашро фош намуда, иқрор шудааст, ки бо ҳамкасбаш, актёри шинохта Алап Наврӯз муносибатҳои ошиқона дошт, вале онҳо аллакай аз ҳам ҷудо шуданд.

“Ман яктопараст ва бисёр бадрашк ҳастам, Алап бошад, мисли аксари мардони машҳур булҳавас аст. Вай мехоҳад ҳамеша дар маркази диққати хонумҳо қарор дошта бошад. Барои ман бо чунин мард зери як бом зистан бисёр душвор мешавад, аз ҳамин хотир ба Алап гуфтам, ки арӯсӣ кунем ҳам, никоҳи мо дер намепояд, беҳтар он аст, ки сари вақт ҷудо шавем ва ҳар кас ҷуфти муносиби худро ёбад. Зану шавҳар бояд ду нимаи як тан бошанд ва ба ҳамдигар чуноне, ки ба худашон бовар доранд, бовар карда тавонанд. Рашк ва нобоварӣ бузургтарин ишқро низ мекушад”-мегӯяд Айча Турон.

Аҳмад Мумтоз назари ин актрисаи машҳурро ба кӯдакон донистанӣ шуда, мепурсад, ки оё нақшаи модар шудан дорад ё не? Ҷавоби Айча тамоми мухлисонро қоил кард. Ин паричеҳра бо қатъият мегӯяд:

“Ба фикри ман таваллуд кардан ҳанӯз маънии модар шуданро надорад. Ман мехоҳам кӯдакеро аз ятимхона ба фарзандӣ қабул карда, тамоми меҳру муҳаббати модаронаамро ба он ятимак бубахшам ва аз он кӯдак шахсияте созам, ки нафъаш ба тамоми ҷомеа бирасад!” Ҳамин тавр ин зебосанам бо ҷавобҳои ошкорояш ба тамоми саволҳои додашуда собит сохт, ки вай як инсони самимӣ ва бениҳоят меҳрубону хоксор аст. Сӯҳбати самимии Айча Турон шумораи мухлисони ӯро зиёдтар кардааст ва ин шабу рӯзҳо дар тамоми шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамагон ба ин зебосанам аҳсан мехонанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.