Сиёсати савдои Тоҷикистон дар Женева баррасӣ мешавад

Дар ҳошияи ҷаласаҳои Якумин Тафсири сиёсати савдои кишвар дар назди СУС, ки 6-8-уми декабр дар шаҳри Женева баргузор мегарданд, вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Намояндаи доимии Ҷумҳурии Корея дар назди шуъбаи СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева ҷаноби Таеҳо Ли, ҳамзамон муҳокимакунандаи Якумин Тафсири сиёсати савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди СУС вохӯрӣ намуд.

Бино ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мулоқот масъалаҳои омодагӣ барои дар сатҳи баланд гузаронидани ҷаласаҳои Якумин Тафсири сиёсати савдои кишвар дар назди СУС баррасӣ гардидаанд.

Қайд бояд кард, ки ҷаноби Таеҳо Ли тибқи талаботи СУС ба ҳайси муҳокимакунандаи (дискаснт) Якумин Тафсири сиёсати савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои номбурда масъалаҳои вобаста ба сиёсати савдои Ҷумҳурии Тоҷикистонро баҳогузорӣ намуда, баромад мекунад.

Завқизода Завқӣ Амин ба Таеҳо Ли дар робита ба розигӣ додан барои муҳокимакунандаи Якумин Тафсири сиёсати савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва назари нек нисбат ба дастовардҳои кишвар ҳамчун узви СУС миннатдорӣ баён намудааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.