СММ ташаббуси Тоқаевро пазируфт

Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Алмаато маркази минтақавии ҳадафҳои рушди устувор барои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон таъсис медиҳад.

Қатъномаи дахлдори СММ рӯзи 4 март қабул шуд, ки онро Қазоқистон пешниҳод карда буд. Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон, марказ бо иштироки сохторҳои СММ фаъолият хоҳад кард ва ҳамкории кишварҳои минтақаро дар соҳаҳои саноат, мошинсозӣ ва кишоварзӣ муттаҳид месозад.

Ташаббуси таъсиси марказро бори нахуст Қосим-Жомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон, соли 2019 дар иҷлосияи 74-уми Маҷмаи Умумии СММ пешниҳод карда буд. Соли 2023 ӯ дубора ба ин масъала баргашт ва зарурати афзоиши кӯмак ба Афғонистонро таъкид намуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *