Содироти беш аз 220 тонна маҳсулоти кишоварзӣ аз Хатлон
Аз вилояти Хатлон ба хориҷи кишвар 222 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот карда шудааст.
Феълан пиёз, зардолу, карам ва лаблабу содирот шудааст. Маҳсулоти кишоварзӣ ба Федератсияи Русия, кишварҳои Қирғизистон ва Қазоқистон содирот мешаванд.
Аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба Pressa.tj гуфтанд, ки ба хотири содирот кардани маҳсулоти Агентии содироти назди Ҳукумати Тоҷикистон дар вилояти Хатлон филиали Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷагропромэкспорт» таъсис додааст.
Вилояти Хатлон яке аз минтақаҳои асосии кишоварзии мамлакат буда, ҳамасола ба хориҷи кишвар маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ содирот карда мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ