Содироти гандуми қазоқӣ ба Тоҷикистон зиёд шудааст

Тоҷикистон дар соли 2022 аз рӯи интиқоли гандуми қазоқӣ дар байни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил вориди сегонаи пешсаф шудааст.

Еnergyprom.kz. навиштааст, ки сегонаи воридкунандагони гандуми Қазоқистон дар соли 2022 Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Туркманистон мебошанд.

Аксари содироти Қазоқистон ба кишварҳои ИДМ рост омада, нисбат ба ҳамин давраи порсола 12,1% (4,7 млн тонна) афзудааст.

Ҳаҷми асосии интиқол чунин сурат гирифтааст:

— ба Ӯзбекистон: 3 миллион тонна ба маблағи 824,8 миллион доллар;

— ба Тоҷикистон: 986,7 ҳазор тонна ба маблағи қариб 310 миллион доллар;

— ба Туркманистон: 336,5 ҳазор тонна ба маблағи 125 миллион доллар.

1,7 миллион тоннаи ин маҳсулот ба кишварҳои хориҷи ИДМ фиристода шудааст, ки нисбат ба соли 2021 низ 3,5% зиёд аст.

Бештари содироти берун аз ИДМ ба Афғонистон ба маблағи 194,3 миллион доллар, 686,7 ҳазор тонна рост меояд. Ба сегонаи пешсаф Эрон ва Италия низ шомил будаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *