Содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба Чин афзоиш меёбад

Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддинзода Аҳлиддин Нуриддин бо ҳайати соҳибкорони Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии ширкати мубодилаи фарҳангии Ҷилини музофоти Футзян бо роҳбарии Лин Ҷун ҷиҳати густариши ҳамкориҳои бисёрҷониба вохӯрӣ анҷом дод.

Бино ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи вохӯрӣ масъалаҳои тавсеаи савдо, аз ҷумла рушди содироти маҳсулот аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба музофоти Футзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёт, кишоварзӣ ва таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд.

— Аз ҷониби муовини вазири рушди иқтисод ва савдо вобаста ба тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаҳои рақамикунонӣ, тиҷорати электронӣ, иқтисоди сабз, кишоварзӣ, инчунин афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон ба Чин, рушди минбаъдаи робитаҳо дар бахши нақлиёт ва логистика пешниҳодҳои мушаххас манзур гардиданд,- меафзояд манбаъ.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои қайдгардида изҳор намудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *