Иброҳимовичи 42-сола мехоҳад дар “Милан” бимонад

— Ҳамлагари шведӣ Златан Иброҳимович, ки моҳи октябр 42-сола мешавад, мехоҳад бо бошгоҳи футболи итолиёвии “Милан” шартномаи нав имзо кунад,- хабар медиҳад “calciomercato.com”.

Шартномаи кунунии ҳамлагар 30-юми июн ба поён мерасад. Афзалияти шведӣ кӯшиш кардан аст, ки бо “Милан” барои тамдиди шартнома як мавсими дигар музокира кунад. Қайд карда мешавад, ки танҳо дар сурати бемуваффақиятии гуфтушунид ӯ дар ҷустуҷӯи бошгоҳи нав хоҳад шуд.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки “Милан” шартномаи худро бо Иброҳимович, ки дар ин мавсим дар ҳайати даста ҳамагӣ чор бозӣ анҷом дода, як гол задааст, тамдид намекунад. Ӯ ба далели мушкилоти саломатӣ аксари мавсимро аз даст дод. Муддати тӯлонӣ аз ҷарроҳии зону сиҳат мешуд ва баъдан ҷароҳати нав гирифт, ки бинобар ин шояд то охири мусобиқаи ҷорӣ бозӣ накунад.

Иброҳимович дар дастаҳои «Малме»-и Шветсия, «Аякси»-и Ҳолланд, «Ювентуси итолиёвӣ», «Интер», «Милан», «Барселона»-и Испания, «Пари Сен-Жермен»-и Фаронса, «Манчестер Юнайтед»-и Англия ва «Лос-Анҷелеси Амрико» бозӣ кардааст. Иброҳимович бо 62 гол дар 122 бозӣ голзани беҳтарини Шветсия мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *