“Тилло” ҳамчун туҳфа

Рақамҳои телефонии дорои панҷ сифр пайиҳам ё комбинатсияҳои зуд дар хотир ҳифзшавандаро акнун Шумо метавонед туҳфа гиред.

МегаФон Тоҷикистон рақамҳои категорияҳои “Тилло 1000” ва “Тилло 3000”-ро дар доираи иқдом пешниҳод менамояд. Ҳангоми пайвасткунии тарофаҳои “#НигаронНабош” ё “#АзҲамаЗиёд+” онҳо ройгон дастраси иштирокчии иқдом карда мешаванд. 

Рақамҳои зебои “тиллоӣ”-и категорияҳои номбурда аз 1 000 то 3 000 сомонӣ арзиш доранд. Лекин на ҳамеша хоҳишмандони дастраскунии чунин рақамҳо имкон доранд, ки маблағи онро пардохт намоянд. Барои овардани сабукӣ ба буҷаи шахсӣ ё оилавӣ МегаФон Тоҷикистон иқдоми махсусро роҳандозӣ намуд ва он имкон медиҳад, ки “тилло” бо шартҳои махсус ба даст оварда шавад. Барои ин зарур аст, ки яке аз ду тарофаҳо пайваст ва дар давоми муддати мутобиқи шартнома пешбинишуда нигоҳ дошта шавад.

“#НигаронНабош” имкон медиҳад, ки рақами категорияи “Тилло 3000” ба даст оварда шавад. Тарофаро дар давоми 8 моҳ истифода бояд кард. Ҳангоми супоридани пардохти абонентӣ ба андозаи 300 сомонӣ дар давоми ин муддат иштирокчии иқдом барои алоқаи 2 400 сомонӣ маблағ сарф мекунад.

Арзиши тарофаи “#АзҲамаЗиёд+” 240 сомониро дар як моҳ ташкил дода, он бояд дар давоми 4 моҳ нигоҳ дошта шавад, ҳаҷми хароҷоти алоқа 960 сомониро ташкил медиҳад.

Баъди анҷомёбии муҳлати дар шартнома дарҷшуда ивази тарофа бо нигоҳдории рақами гирифташуда дастрас мешавад.

“Мо ба муштариён имкони нодир медиҳем, ки орзуи худро оид ба рақами зебо бе пардохти маблағ барои он амалӣ намоянд. Аллакай аз лаҳзаи пайвастшавӣ Шумо “тилло” ва ҳамаи хизматрасониҳои ба тарофа дохилшавандаро ба даст меоред. Танҳо маблағи алоқаро пардохт намуда, рақамҳои фаромӯшкуниашон душворро соҳибӣ кунед!” – мегӯяд роҳбари хадамоти фурӯшҳо ва хизматрасонии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Сунатулло БАБАЕВ.

Рақами “тиллоӣ”-ро метавон дар мағозаи интернетии оператор интихоб намуд. 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *