Содироти пиёз манъ шудааст. Кай арзонӣ мешавад?

Масъулини Раёсати гумрук дар вилояти Суғд мегӯянд, ки бо дастури Ҳукумати мамлакат содироти пиёз ба хориҷи кишвар манъ шудааст.

Зафар Маҳмадиев, сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд зимни нишасти матбуотӣ а ҳадаф аз  ин дастури ҳукуматро шарҳ дод.

“Таъмини талалаботи бозорҳои кишвар ба ҳар намуд молу маҳсулот аз ҷониби ҳукумати кишвар таҳлил карда мешавад. Барои он, ки вақтҳои охир нархи пиёз нисбат ба солҳои қаблӣ то ду се баробар боло рафт. Ба хотири таъмини бозорҳои дохилӣ ва танзими нархи маҳсулот ҳоло содироти пиёз манъ шудааст” – гуфт, номбурда.

Бино ба гуфтаи сардори Раёсати гумруки Суғд ҳудуди ду ҳафта ба ин тараф содироти пиёз ба хориҷи кишвар боз дошта шудааст.

Тибқи иттилои мақомоти гумрук давоми шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҳудуди вилояти Суғд, 66 ҳазор тонтна пиёз содирот карда шудааст, ки ин рақам дар муқоиса ба ин давраи соли қаблӣ 10 ҳазор тон кам аст.

Бино ба омори Идораи гумрук аз оғози сол то замони ба даст овардани ҳосили нав талаботи бозорҳои кишвар танҳо аз ҳисоби воридоти 24, 7 тон пиёз таъмин шуда, зимнан бозорҳои кишвар пурра аз ҳисоби маҳсулоти ин навъ маҳсулоти ватанӣ таъмин карда шудааст.

Аммо имсол нархи пиёз назар ба 1 – 1, 5 сомонии солҳои қаблӣ то чаҳор маро ба 5 – 6 сомонӣ баробар шуд.

Масъулони идораи кишоварзӣ сабаби болоравии ин навъ маҳсулотро ба коҳишёбии кишти зироат, номусоидии боду ҳаво ва гароншавии нуриҳои минералӣ рабт медиҳанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.