Содироти Тоҷикистон ба 50 кишвар, гардиши савдо беш аз 4,7 миллиард доллар
Дар нимсолаи аввали соли 2025 гардиши умумии савдои хориҷии Тоҷикистон ба 4 миллиарду 731,1 миллион доллар расида, 316,8 миллион доллар бештар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад.
Дар ин бора имрӯз, 28 июл, муовини якуми директори Агентии содирот Зуҳурзода Хуршед зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ба иттилои ӯ, дар шаш моҳи соли равон маҳсулоти ватанӣ ба 50 кишвари дунё, аз ҷумла ба Нидерланд, Хитой, Туркия, Ӯзбекистон ва Русия содирот шудааст.
Ин панҷ кишвар дар садри рӯйхати шарикони асосии савдо бо Тоҷикистон қарор доранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ