Сохтакорӣ ва дуздии барқ. 190 парвандаи ҷиноятӣ дар шаш моҳ
Бо баргузории ҷаласаи корӣ дар ҶСК «Барқи тоҷик», таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Усмоналӣ Усмонзода, натиҷаҳои се моҳи охири фаъолияти шабакаҳои барқи пойтахт баррасӣ гардиданд.
Дар ҷаласа зикр шуд, ки тадбирҳои андешидаи охир натиҷаи мусбат додаанд. Дар гузашта талафоти неруи барқ дар шаҳри Душанбе ба 35–40 фоиз мерасид, аммо дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ ин рақам то 16,9 фоиз поин оварда шудааст. Танҳо дар моҳи июн талафот то 8,6 фоиз коҳиш ёфт.
Муовини Сарвазир гуфт, чунин пешрафт собит мекунад, ки то 25 фоизи барқи истифодашаванда дуздида мешуд. Бо насби беш аз 180 ҳазор ҳисобкунаки навъи биллингӣ ва гузариш ба низоми автоматишуда, роҳҳои дуздӣ ошкор ва баст шуданд.
Муовини Прокурори генералӣ Сарвар Азимзода изҳор дошт, ки санҷишҳои прокурорӣ ҳолатҳои зиёди дуздии барқ, фасод, тақаллуб дар ҳисобкунакҳо ва тағйири ғайриқонунии барномаи биллингиро ошкор кардаанд. Танҳо дар шашмоҳаи аввали сол дар миқёси ҷумҳурӣ 190 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва зиёда аз 273 миллион сомонӣ зарар рӯёнида шудааст.
Ҳамзамон, ӯ таъкид намуд, ки мутаассифона, баъзе кормандони соҳаи барқ худ ба дуздӣ мусоидат мекунанд, ки бояд қатъан ҷилавгирӣ шавад.
Мақомот умед доранд, ки бо татбиқи пурраи системаи биллингӣ то охири сол талафоти барқ дар Душанбе ба 12–13 фоиз расонида хоҳад шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ