наручник

Сохтакории муовини директор. Ӯ аттестати хатми сохта додааст

Сайдалӣ Давлатов — муовини директори мактаби№35-и ноҳияи Вахш барои додани аттестати қалбакӣ ва аз худ кардани маблағҳои давлатӣ дастгир шудааст. Дар ин бора Прокуратураи генералӣ хабар дод.

Гуфта мешавад, ки гумонбар “… ғайриқонунӣ, дидаю дониста, ки Ҳабибзода Шукрона Умаралӣ, санаи таваллудаш 09.05 соли 2006, дар синфи 6, 7 ва 8 умуман таҳсил накарда, танҳо аз 1-уми январи соли 2022 ба синфи 9 рафта таҳсил намудааст, 20-уми июли соли 2022 бо роҳи сохтакорӣ баҳои азхуднакардаи хонандаро қалбакӣ гузошта, аттестати силсилаи Т-АТА таҳти №1421445 дар бораи таҳсилоти умумии асосӣ навишта, ба Ҳабибзода Ш. У. додааст”.

Ба ғайр аз ин, ӯ ҳамчун шахси мутасаддӣ оид ба тақсимоти маводҳои хӯрокаи Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар МТМУ №35-и ноҳияи Вахш кор кардааст ва дар давраи соли хониши 2021-2022 молу маҳсулоти хӯрокаро ба маблағи 3148,67 сомонӣ, ҷамъ ба маблағи умумии 26731,67 сомониро азони худ карда, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.

Суди ноҳияи Хуросон нисбати Сайдалӣ Давлатов бо моддаҳои 245, қисми 2, банди “г” ва 323, қисми 1-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳукм бароварда, ба ӯ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 25600 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *