Сохтмони корхонаи равғанбарории ҶДММ «Сирдарё»

Дар минтақаи саноатии шимолу шарқии шаҳри Хуҷанд сохтмони коргоҳи равғанбарорӣ дар заминаи ҶДММ «Сирдарё» бомаром идома дорад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз раванди сохтмони ин корхонаи саноатӣ боздид намудаанд.

— Иттилоъ дода шуд, ки баъди баистифодадиҳӣ 70 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда мешаванд. Барои истеҳсоли равғани растанӣ аз Туркия ва Чехия пешрафтатарин технология оварда ва насб карда мешавад,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *