Боздошти ҷавони таксирон барои беаҳамиятӣ

Ҷавонеро, ки дар Душанбе таксӣ мерондааст, барои беаҳамиятӣ боздошт кардаанд. Дар ин бора мақомоти милитсияи пойтахт хабар медиҳад.

Дар мошини Ифтихор Аброров, ки шабона ба кор машғул будааст, ҷавонзанон худро аз тирезаи болоӣ (люк) берун кардаанд. Бо ин кор онҳо амалҳои хатарнок анҷом дода, тартиботро вайрон кардаанд. Ҳодиса рӯзи 8-уми апрел рух дода, сокинон аз мақомот ҷилавгирӣ аз чунин ҳодисаҳоро талаб кардаанд.

Манбаъ иттилоъ медиҳад, ки “чуноне аз навори ирсолнамудаи шаҳрванд дида мешавад, ду нафар зан худро аз тирезаи болоии (люк) автомашинаи мазкур ба берун бароварда, бо амалу ҳаракат ва ишораҳои ғайриахлоқона, ҳамзамон бо садои баланд тартиботро халалдор сохтаанд. Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки шаҳрванд Аброров Ифтихор тавассути автомашинаи худ ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғул буда, ҳодисаи мазкур санаи 8-уми апрели соли ҷорӣ рух додааст. Ба иттилои номбурда, ҳангоми хизматрасонии мусофирбарӣ ба 4 нафар шаҳрванд, ки зоҳиран дар ҳолати мастӣ қарор доштаанд, ду нафар ҷавонзан қисме аз бадани худро аз тирезаи болоии автомашина ба берун бароварда, тартиботро вайрон карда ва ҳолати хатарнокро ба вуҷуд овардаанд”.

Гуфта мешавад, ки ронанда — Аброров Ифтихор ба ин амалкарди мусофирони худ беаҳамиятӣ намудааст. Ҳоло нисбати ӯ барои бе иҷозатнома ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғул гардидан тибқи талаботи моддаи 510-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *