Блогери ӯзбекро барои ҳаром гуфтани йогурт ҳабс карданд

Дар Ӯзбекистон блогер Ҳоҷиакбар Носиров барои 15 рӯз боздошт шуд, ки йогуртҳои дорои ранги карминро «ҳаром» номид. Дар ин бора Сарраёсати ВКД Тошканд хабар додааст.

Носиров ҳафтаи гузашта дар бораи йогуртҳо навор тайёр кард. Вай дар он ба манбаъҳои интернетӣ истинод карда, чанд навъи йогурти аз фурӯшгоҳ харидашударо ба далели мавҷуд будани кармин «ҳаром» номидааст. Ӯ даъват кард, ки ин гуна йогуртҳоро истеъмол накунанд ва таркиби маҳсулотро тафтиш кунанд. Навор дар канали телеграмми ӯ нашр шудааст.

Пас аз он нисбати Носиров тибқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ӯзбекистон парвандаи ҷиноятӣ боз карда шуд.

СВКД Тошканд хабар дод, ки муаллифи ин навор маълумотро «бар асоси ақидаҳои шахсии мазҳабӣ, бидуни дарёфти назари коршиносони соҳаи дахлдор» пешниҳод кардааст.

Кармин як ранги сурхест, ки аз кислотаи карминӣ гирифта шуда, онро ҳашароти модинаи бо номи қирмиз тавлид мекунанд. Кармин ҳамчун иловаи ғизоии E120 ба қайд гирифта шудааст. Онро ба бисёр маҳсулот, аз ҷумла йогурт, яхмос, пирожниҳо, қаннодӣ, нӯшокиҳои спиртӣ илова мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *