Сохтмони пули мошингузар аз болои рӯди Ғунд идома дорад

Сохтмони пули мошингузар аз болои рӯди Ғунд дар шаҳри Хоруғ, ки як қисми шоҳроҳи Душанбе–Кӯлоб–Хоруғ–Кулма мебошад, идома дорад.

Вазири нақлиёт Азим Иброҳим ва раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз рафти корҳои сохтмонӣ шинос шуданд.​

Пул бо паҳноии 15 метр ва дарозии 200 метр бунёд шуда, иқтидори борбардории он 100 тонна мебошад.

Пас аз пайваст кардани ду тарафи соҳил, роҳҳои ба пул пайвастшаванда дар масофаи 1,1 километр таҷдиду навсозӣ ва чароғон хоҳанд шуд.

Пул бо тарҳи байналмилалӣ сохта шуда, аз ҳафт сутунпояву зербино ва ду самти ҳаракати нақлиёт иборат мебошад.

Аз ҳар ду ҷониби пул бунёди роҳи пиёдагард ҳамчун эстакада ба нақша гирифта шудааст.​

 Лоиҳаи сохтмони пули мошингузар бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ татбиқ мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *