Сокинон аз офатҳои эҳтимолии табиӣ огоҳ шуданд

Дар Кӯшониён «Рӯзи мудофиаи гражданӣ» гузаронида шуд. Дар ин чорабинӣ кормандони ташкилоту идораҳои давлатӣ, омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва сокинон иштирок карданд.

Қувватзода Давлатбек, сардори шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гаржданӣ дар ноҳияи Кӯшониён гуфт, ки мақсад аз гузаронидани “Рӯзи мудофиаи гражданӣ” — ин пеш аз ҳама пешгирӣ аз офатҳои табиии эҳтимолӣ ва бартарафсозии оқибатҳои он мебошад. Ӯ мегӯяд, ки дар чорабинии пешгирӣ аз офатҳои табиии эҳтимолӣ, аз ҷумла заминларза ва боридани борону омадани сел тарзи кӯчонидани аҳолӣ аз ҷойи хавнок ба ҷойи бехавф намоиш дода шуд.

“Ба иштирокчиён нишон дода шуд, ки дар ҳолатҳои сар задани офатҳои табиӣ чигуна ба сокинони зери хавфу хатар кумак кардан мумкин аст. Бо баланд шудани садои “Бонги хатар” иштирокдорон ба зарадидагони эҳтимолӣ аз офатҳои табиӣ кумак расониданд. Хонандагоне, ки дар чорабинии “Рӯзи мудофиаи гражданӣ” иштирок карданд, зарардидагони эҳтмолиро аз дохили синфхонаҳо ба ҷойҳои бехавф кӯчониданд. Ҳамчунин, ба иштирокчиён қоидаҳои эвакуатсия кардани аҳолӣ ҳангоми рух додани заминларза, обхезӣ, сел ва сӯхтор омӯзонида шуд. Аз ҷониби шахсони муттасадӣ истифода кардани таҷҳизот ва лавозимоти соҳавӣ низ намоиш дода шуд”,- афзуд вай.

Қувватзода Давлатбек гуфт, ки бо ташкил ва баргузории чунин чорабиниҳои барои ҷомеа муҳим метавон сатҳи огоҳии сокинонро ба сатҳи лозима боло бурд.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *