Соли нав бо “муштзаниҳо” оғоз мешавад?!

Варзишгарони тоҷик имкон доранд, ки моҳи декабр худро дар мусобиқоти байналмилалӣ нишон диҳанд

Моҳи декабр дар арсаи байналмилалӣ намояндагони бокс ва муҳорибаҳои омехтаи тоҷик дар лигаҳои мухталиф чанд қувваозмоӣ доир хоҳанд кард.

  • Пагоҳ 10-уми декабр Фаридун Одилов, размандаи тоҷик барои ҳимояи унвони «EagleFC» бо варзишкори испанӣ Эннок Торрес вориди набард хоҳад шуд.
  • Умедҷон Мусоев низ 10 декабр дар «EagleFC» қувваозмоӣ мекунад.
  • Рӯзи 11-уми декабр бошад набарди Бахтиёр Абдуллоев, таэквондо ва кикбоксчии собиқ дар лигаи SLAMFC дар назар аст.
  • Ҳамзамон дар ин рӯз размкорон Доробшоҳ Наботов дар лигаи FIGHTINGNET ва муштзан Шавкат Раҳимов дар RCC баромад мекунанд.
  • Рӯзи 25-уми декабр дар доираи лигаи ACAYE рақобатҳои Довуд Идибеков, Меҳрдод Умаров, Хуршед Назаров ва Беҳрӯз Қурбонов барпо мешавад.

Зикр бояд намуд, ки тахминан дар оғози сол муштзании варзишкори шинохтаи кишвар Муҳаммад Ёқубов дар назар аст. Вай дар даври ниманиҳоии интихобии WBC мубориза хоҳад бурд. Ёқубов аввали соли оянда ба майдон бармегардад. Ӯ яке аз довталабони унвони қаҳрамони ҷаҳон дар вазни сабуки WBC аст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.