Сомонӣ дар Биржаи Москва. Он миёни рублу доллару еврову юан мақом пайдо мекунад?   

Оғози ҳафтаи равон ба блоки иқтисодии Тоҷикистон, аз ҷумла бонкҳо пайки хуш расид: аз 31-уми октябр дар биржаи Москва савдои ҷуфти сомонӣ — рубл оғоз гардид. Мутахассисони бонк мегӯянд, ки ин барои таҳкими ҳисоббаробаркуниҳо бо асъори миллӣ мусоидат хоҳад кард. Чӣ тавр? Сарнавишти доллару евро ва юан чӣ мешавад?

Шарҳ аз биржаи Москва

Иштирокчиёни савдои Биржаи Москва ва муштариёни онҳо ба муомилоти бозорӣ бо ҳисоббаробаркуниҳо бо нишондоди «имрӯз»-у «фардо» ва инчунин, свопҳои «overnight» дастрасӣ хоҳанд дошт. Тавре Биржаи Москва шарҳ додааст, воситаҳои ҳисоббаробаркуниҳои «имрӯз» аз соати 07:00 то 10:45 ба вақти Москва ва бо ҳисоббаробаркуниҳои «фардо» аз соати 07:00 то 23:50 ба вақти Москва муомилот хоҳанд шуд. Муомилоти «overnight» аз соати 07:00 то 11:00 ба вақти Москва имконпазир аст. Роҳандозии ин иқдом дар ҳолест, ки он як унсури муҳими инфрасохтори рушди ҳисоббаробаркуниҳо бо пулҳои миллӣ байни Русия ва Тоҷикистон арзёбӣ мешавад.

Савдои биржавии ҷуфти нави асъор имкониятҳои конвертатсияи мустақимро барои бонкҳо, брокерҳо ва мизоҷони онҳо — шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ васеъ мекунад. Ин ба иштирокдорони фаъолияти иқтисодии берунӣ низ дахл дорад. Дар биржаи Москва муомилоти ҷуфти рубли Русия ва соми Қирғизистон низ оғоз гардидааст.

Дар баробари ин, муқаррар шуд, ки аз 31-уми октябр вақти муомилоти ҷуфтҳои арзии «рубли белорусӣ — рубли русӣ», «тангаи қазоқӣ — рубли русӣ», «доллари ИМА — тангаи қазоқӣ», «юани чинӣ — рубли русӣ», «доллари ИМА — юани чинӣ», «лираи туркӣ — рубли русӣ», «ранди Африқои Ҷанубӣ — рубли русӣ» ва «доллари ИМА — ранди Африқои Ҷанубӣ» ним соат зиёд карда мешавад.

Манфиат дар чист?

Баъди нашри ин хабар бисёриҳо бо як мазмун мепурсанд, ки ворид шудани сомонӣ ба биржаи Москва чӣ медиҳад? Мутахассисон ба ин назаранд, ки интиқоли маблағи хориҷиён ба ватанашон осону арзонтар мешавад. Аммо ҳаҷми додугирифти асъор аз теъдоди ин амалиётҳо вобаста хоҳад буд. Пайдоиши пулҳои миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар биржаи Москва воситаи муҳими тиҷоратӣ байни кишварҳо ва интиқоли маблағи муҳоҷирони кориро ба ватанҳои онҳо вусъат медиҳад. Антон Табах, иқтисоддони варзидаи Агентии «Эксперт РА” мегӯяд, ки дар ин сурат интиқоли маблағи шаҳрвандони хориҷӣ ба ватанашон осону арзонтар мешавад. Аммо ӯ ба гумон хонд, ки пули миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ барои сармоягузорӣ истифода шавад.

«Ҳаҷми додугирифт аз ҳаҷми амалиётҳо вобаста хоҳад буд. Азбаски истифодаи ин пулҳо бо мақсадҳои сармоягузорӣ ба гумон аст, гардиши бузург дар назар нест»,- афзуд Табах.

Дар ҳамин росто, пештар Дмитрий Волвач, муовини вазири рушди иқтисоди Русия гуфта буд, ки гузариш ба пули миллӣ барои афзоиши гардиши мол миёни Русия ва Тоҷикистон хеле зарур аст. Волвач шарҳ ҳам дода буд, ки ҳоло байни Москва ва Душанбе 57%-и ҳисоббаробаркуниҳо дар додугирифти мол бо асъори миллӣ анҷом дода мешавад. Аллакай як қатор асъори кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва ИДМ дар биржаи Москва дар ҷуфт бо рубл фаъолона муомилот мешаванд. Ин мақомдори рус изҳор доштааст, ки он ба тиҷорат ва ҳам ба сармоягузорӣ таъсири мусбат мерасонад.

Назари ин ҳама мақомдорон ва коршиносон дар ҳолест, ки Биржаи  Москваро бузургтарин меҳисобанд. Зеро қаблан асъори чанде аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла суми ӯзбекӣ низ ба муомилот оғоз карда буд. Тавре аз номаш бармеояд, Биржаи Москва ҳамчун як муассисаи ташкилкунандаи тиҷорат ва асъор маҳсуб меёбад. Тавре дар изҳороти ин муассиса омадааст, муомилаҳои ин асъор бо ҷуфти пули миллии “сомонӣ — рубл” ва “сом — рубл” тиҷорати бозор бо ҷуфти нави асъори имкони табодули мустақими пулро дар бонкҳо ва миёни шахсони инфиродию ҳуқуқӣ фароҳам меорад. Ҳоло дар ин биржа муомилаҳои пулӣ бо 16 ҷуфти асъор амал мекунанд.

Шарҳ аз мақомдори тоҷик

Мақомот ва коршиносон дар Тоҷикистон мегӯянд, ки ба таври мустақим ба роҳ мондани мубодилаи асъор, пеш аз ҳама ба манфиати ширкатдорони бозор аз Тоҷикистон мебошад. Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон гуфтааст, ки “ҳар куҷое имконияти рушд додани ҳамкории молиявӣ ва гардиши мол вуҷуд дорад ва барои манфиати кишвар бошад, албатта, хабари хубу хуш аст”.

Файзиддин Қаҳҳорзода мегӯяд, ки дар низоми муомилоти берунаи Тоҷикистон асосан асъоре мисли доллар, евро ё юан ба кор мераванд. Вазир дар мавриди шеваи истифодаи пули миллии Тоҷикистон дар бозори асъори беруна гуфт: “Гап дар бораи он аст, асъоре, ки дар он бозор истифода мешавад, истифодаи асъори миллии як кишвар дар кишвари дигар аст, ба хотири осон кардани амалиёти молиявӣ ё анҷом додани амалиёти молиявӣ. Нафароне, ки масалан барои воридот ё содирот шартнома мебанданд, тартиби муайяни шартномаҳои байналмилӣ ҳаст, ки дар он чанд банд мушаххасан дарҷ мешавад ва яке аз онҳо асъори пардохт аст. Вақте амалиёт мувофиқи шартнома сурат мегирад, бар асоси ҳамон асъоре, ки дар шартнома ёд шудааст, сурат мегирад”.

Таҳлилгарони масоили иқтисодӣ мегӯянд, ки иқдоми мазкур ҳадафҳои хуро низ дорад. Зеро вақтҳои охир таҳрими кишварҳои Аврупо нисбат ба Русия дар ростои ҷанг бо Украина афзудааст. Роҳ ёфтани асъори кишварҳои Осиёи Марказӣ низ як ҳадафаш ба иборае дилгарм кардани ширикони Русия бо кишварҳои Осиёси Марказӣ мебошад. Ҳадафи дигар низ вуҷуд дорад — камтар кардани вобастагии кишварҳои Осиёи Марказӣ аз доллар, юан ва евро. Ниҳоят вобаста кардани кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳангоми додугирифти молу коло ва рушди тиҷорат бо рубл ба ҳисоб меравад. Ин имкон медиҳад, ки рубли русӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ нуфуз пайдо намояд ва мавқеашро устувор нигоҳ дорад.

Албатта, ин назарест, ки бисёре аз коршиносони умури иқтисодӣ бидуни сабти микрофон баён мекунанд. Аммо вақт довар аст, ки ин ҳама тасмим чӣ натиҷа медиҳад…

Усмон РАҲИМЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *