Сомониҳои қалбақӣ то бозор нарасиданд

Рӯзи 18 июн ду сокини 21-солаи Душанбе бо 24 адад пули 100-сомонии қалбакӣ дастгир шудаанд. Ин ду ҷавон 2400 сомонии қалбакиро дар қоғази махсус дар принтер чоп карда, мехостанд ба муомилот бароранд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 19 июн хабар дод, ки як рӯз пеш ду сокини 21-солаи пойтахтро замоне дастгир кардаанд, ки онҳо мехостанд 24 адад пулҳои қалбакии 100-сомониро ба муомилот бароранд.

Вазорати корҳои дохилӣ дар гузоришаш мегӯяд, «ташхис нишон дод, ки купюраҳои мусодирашуда қалбакӣ буда, ба меъёрҳои технологии тайёркунӣ ва ба купюраҳои дар муомилот будаи аслӣ мувофиқат намекунанд. Далели шайъӣ — се адад принтер ва 170 метр қоғази махсус — гирифта шуд.”

Мусодираи 170 метр қоғахи махсус нишон медиҳад, ки ин ду ҷавон танҳо боин 24 адад пули қалбакӣ қаноат карданӣ набуданд, балки нақшаи сохтани маблағҳои хеле бузургтари қалбакиро дар сар доштанд.

Бар зидди ин ду ҷавон бар асоси моддаи 281-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон — Тайёр кардан ё ба муомилот баровардани пул ё коғазҳои қиматноки қалбаки(сохта) – парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Агар исбот шавад, ки ин ду нафар ҳамчун гурӯҳи муташаккил ба сохтани пулҳои қалбакӣ машғул буданд, ба онҳо то 15 сол ҳукми зиндон бо мусодираи молу мулк таҳдид мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *