Фариштае, ки мардҳоро чун дастпӯшак иваз мекунад

Даричаи ошноӣ

Номи аслӣ: Ханда Эрчел ( Hande Erçel)
Соли таваллуд: 24 ноября 1993
Ҷои истиқомат:  Бандирма, музофоти Баликесири Туркия

Чанд далели аҷиб аз ҳаёти ҳунарманд
1. Ханде ҳамарӯза пӯшидани ҷинс ва куртаҳои кутоҳро бо ҷавоҳирот меписандад.
2. Бештар либосҳои рангаш сиёҳро интихоб мекунад.
3. Лабсурхкунаки сурхро авлотар мешуморад.
4. Ҳар саҳар машқи бадан карда, аз маҳси бадан ҳузуру ҳаловат мебардорад.
5. Мухлиси ҳунарманди Голливуд Натали Портман ва сароянда Бейонсе аст.
6. Ба зиндагӣ назари нек дорад, вале худро одами якрав муаррифӣ менамояд.
7. Оила барояш сарчашмаи илҳом аст.
8. Сафару саёҳатро дӯст медорад. Ба наздикӣ аз кишвари Тайланд баргаштааст.
9. Охирин китобе, ки  мутолиа кардааст «Иблис дар вуҷуди мост» –и Сабаҳаттин Алӣ мебошад.

Дар оғӯши гарми волидайн

Ханда Эрчел 24 ноябри соли 1993 дар шаҳри Бандурма ба дунё омада, падараш тоҷир, модараш зани хонашин аст. Апааш Ғамза аз ӯ як сол калон буда, бо Ханда мисли дугоник ба воя расидаанд. Ғамза низ ҳунари актёрӣ дорад ва дар силсилафилми “Ноумед нашавед” нақш бозидааст. Ханда аз модар ҳунарманд ба дунё омадааст. Ҳанӯз аз овонӣ кӯдакӣ ин духтараки фатиламӯй дар театрҳои бачагона нақш бозида, мардумро ба ҳайрат меовард, ҳангоми дар литсей таҳсил карданаш бошад, ситораи мактаб буд. Ханда Донишгоҳи санъати тасвирии ба номи Мимара Синанаро  хатм намуда, аз устодони бузурги турк Бейти Энгина ва Филиз Кая ҳунару маҳорат омӯхтааст. Дар соли 2012  Ханда Эрчел дар озмуни «Miss Civilization of The World» дар шаҳри Боку ширкат варзида, ғолибият ба даст овард. Ханда ба журналистон нақл кардааст, ки вай дар як шаҳраки хурдакак ба воя расида бошад ҳам, заррае аз умри ба сар бурдааш таассуф намехурад, зеро кӯдакии хеле хотирмон дошт ва то соати 12-и шаб бо кӯдакони ҳамсоя дар боғ бозӣ мекард. Дар Истамбул бошад, чунин муҳит дида намешавад.

Як гулу ду харидор

Аввалин филми ҷиддие, ки Ханда дар он яке аз нақшҳои асосиро бозидааст, “Духтарони Гюнеш” мебошад. Силсилафилми мазкур роҳи ин ҳунарманди ҷавонро ба олами синамо кушод ва дере нагузашта Хандаро ба филми нав, ки “Муҳаббат намефаҳмад” унвон дошт, даъват намуданд. Филми мазкур дар бораи духтараки деҳотӣ Ҳаёт нақл мекунад, ки ҳамроҳи дугонаҳояш ба шаҳри Истамбул омада, бо ҷавони бою бадавлат Мурод шинос мешавад. Дар вохӯрии аввал онҳо сахт бо ҳам муноқиша мекунанд, вале баъд якдигарро дӯст дошта, Лайлию Маҷнун шуда мемонанд. Пешхизматдухтар Дафна яке аз нақшҳои асосиро дар ҳамин силсилафилм бозида, вақтҳои охир аз нобарориҳои қисмат шиква мекард, вале дар яке аз рӯзҳо муъҷиза рӯй дода ба ӯ пешниҳод мекунанд, ки бар ивази пули калон дар давоми шаш моҳ бояд тоҷири бойтарини туркро ба худ ошиқ гардонад. Ҷавони дӯстдоштааш дар ин кор ба Дафна кӯмак мерасонад, вале баъди чанде ин сегонаи ошиқона ба муаммои сарбаста рӯ ба рӯ мегардад. Аз аввал мақсади Дафна ва дӯстдоштааш аз тоҷири сарватманд халос шудан буд, вале дар рафти филм Дафна ба тоҷир ошиқи зор мешавад…

Хонандагони азиз, қисматҳои минбаъдаи ин филми пур аз таззодро тамошо карда, шумо хоҳед фаҳмид, ки ишқ бо ин сегонаи ошиқон чиҳо мекунад, мо бошем, танҳо ҳаминро ёдрас мешавем, ки “Муҳаббат намефаҳмад” ба Ханда шуҳрати оламшумул оварда, ин фариштаро ба маликаи орзуҳои ҳазорон ҷавонмардон табдил дод. Ошиқони Ханда чунон бисёр буданд, ки актриса намедонист сарашро дар таги кадом бутта аз онҳо паноҳ намояд. Харидорони ҳусну ҷамоли беназираш шабҳоро дар пушти тирезаи ӯ саҳар мекарданд, ба умеде, ки як бор бошад ҳам, чеҳраи мисли офтобак дурахшони Хандаро аз наздик дида, садои хандаи дилфиребашро шунаванд, аммо дили ин паричеҳра мисли уқёнуси яхбастаи шимолӣ аз оташи сӯзу гудози ин ошиқони бечора об намешуд…

Фариштаи бевафо

Бори аввал Ханда дар синни 15-солагияш ошиқ шуда буд, аниқтараш марди сарватманде, ки дар синну сол бо падараш баробар буд, домони ин зебосанами хурдакакро бо чормағзи пуч пур карда, бо роҳи фиреб ба домони исматаш дастдарозӣ намуд. Пас аз ин ҳодисаи  нангин Ханда чанд муддат барои ганҷи барбодрафтаи номусаш гириста бошад ҳам, баъди чанде онро мисли як хоби даҳшатнок фаромӯш кард ва бо актёри ҷавон Экин Мерт Даймаз аҳду паймони муҳаббат баст. Онҳо чунон волаю шайдои ҳамдигар буданд, ки ҳатто Фарҳоду Ширин, агар ин ҷуфти зеборо медиданд, ангушти ҳайрат мегазиданд, аммо баъди чанде аз байнашон гурбаи сиёҳ гузашт. Даймаз Хандаи мисли фаришта зебо, вале бевафоро дар оғӯши ҷавони дигар дида, аз баҳри ин арӯси мисли шапалак ҳавоӣ гузашт. Баъди  ин сару садоҳое пайдо шуданд, ки Ханда ҳангоми сабти силсилафилми “Духтарони Гюнеш»  ба ҳамбозиаш Толга Сариташ ошиқ шудааст, вале ҷавон дар суҳбат бо журналистон ин хабарро рад карда, таъкид намуд, ки Ханда аз ӯ ду сол калон аст ва дар байни онҳо ба ҷуз дӯстӣ дигар чизе нест ва буда ҳам наметавонад…

3 орзуи Ханда

Айни замон Ханда Эрчел симои тамғаи бонуфузи косметикии  “L’Oréal Paris” буда, дар роликҳои рекламавии ин ширкат ранг-краска барои мӯйи сарро таблиғ менамояд. Тибқи шартномаи бо ин ширкати бонуфуз бастааш актриса ҳақ надорад, ки мӯйи сарашро дар як сол аз як маротиба бештар ранг кунад. Хандаи ташнаи навгонӣ мехоҳад ҳарчи зудтар шартномаро бо ин ширкат ба охир расонида, ҳар ҳафта симояшро дигаргун созад ва ба таври нав ҷилва  намояд. Орзую дуюми ин зебосанам бо ҳунармандони машҳуртарини турк-  Халюк Билгинер ва Четин Текиндор нақш бозидан аст. Орзуи сеюмашро ин фариштаи дилрабо ба касе намегӯяд, вале мисли рӯз равшан аст, ки ҳар як духтар мехоҳад  куртаи сафеди арӯсӣ ба бар намояд ва ҳамроҳи шоҳзодаи орзуҳояш ба тахти бахт нишинад. Аҷаб нест, ки орзуи сеюми Хандаи серхаридор низ ҳамин бошад…

 

Омодасоз: Рустам Азимӣ

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *