“Соро компания” боз барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

«Соро компания»-и Душанбе соли дуюм пайиҳам аст, ки бар «Сипар»-и Хуҷанд (4:2) ғолиб омада, барандаи Суперҷоми футзали Тоҷикистон мешавад.

Дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бозии Суперҷом-2022 бо ҳузури 850 тамошобин баргузор шуд. Аз ҳайати дастаи Душанбе легионери эронӣ Муҳсин Муҳаммадзода дубл кард. Файзалӣ Сардоров ва Идрис Ёров якголии дигар заданд. Аз ҳайати клуби шаҳри Хуҷанд Абдусамад Раҳмонов ба номаш ду голро сабт кард. Бозигари беҳтарини вохўрии Суперҷоми Тоҷикистон-2022 дарвозабони эронии дастаи «Соро компания» Маҳдӣ Мустафоӣ гардид, ки ду дубл-пеналтиро баргардонида, дар чанд лаҳзаи дигари хатарнок дарвозаашро аз гол эмин дошт.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.