Созишнома ба муддати 20 сол. Тоҷикистон аз “Роғун” ба Узбекистон барқ медиҳад

Ҳукумати Тоҷикистон қароре қабул кард, ки тибқи он лоиҳаи Созишнома бо Ҳукумати Узбекистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи электроэнергетика ба имзо мерасад.

Дар асоси он интиқоли нерӯи барқ аз нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ба Узбекистон ба роҳ монда мешавад.

Дар санаде, ки дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлия нашр шудааст, нархи ҳар киловатт-соат нерӯи барқ барои Узбекистон 3,4 сенти ИМА муқаррар гардида, он аз соли дуюми интиқол ҳамасола 1% зиёд карда мешавад.

Интиқоли барқ аз НБО “Роғун” тибқи ҷадвали мувофиқашуда ва асосан дар соатҳои камбуди иқтидор дар системаи энергетикии Узбекистон анҷом дода мешавад.

Дар марҳилаи сохтмони нерӯгоҳ интиқоли барқ танҳо дар мавсими обёрӣ (1 апрел то 30 сентябр) сурат мегирад. Аммо пас аз ба кор даромадани иқтидори пурраи “Роғун”, интиқол ба таври мунтазам ва дар тамоми сол идома меёбад.

Созишномаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон пас аз анҷоми расмиёти дохилии давлатӣ ба муҳлати 20 сол ба имзо мерасад ва дар сурати мухолифат накардани ягон тараф, ба таври худкор барои 10 соли дигар тамдид мешавад.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон аз соли 2018 тавассути “Барқи тоҷик” ба Узбекистон нерӯи барқ содир мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *