Созишнома: Муқовимат бо COVID-19 дар Тоҷикистон боз маблағгузорӣ мешавад (аудио)

Дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими баимзорасонии Созишнома оид ба маблағгузорӣ (маблағгузории сеюми иловагӣ барои Лоиҳаи фавқулоддаи муқовимат бо вируси COVID-19 дар Тоҷикистон) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, созишномаи мазкурро вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ва намояндаи доимии Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Озан Севимлӣ ба имзо расонидаанд.

Гуфта мешавад, ки ҳадафи лоиҳа таъмини пешгирӣ, омодагӣ ва эътино ба пандемияи COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Арзиши умумии лоиҳа дар доираи Созишномаи маблағгузории сеюми иловагӣ 17,9 млн ҳуқуқи махсуси қарзгириро ташкил медиҳад, ки он ба 25,0 млн доллари амрикоӣ баробар буда, барои маблағгузории қисмҳо (компонент)-и зерини Лоиҳа равона мегардад:

Қисми 1 — Тақвияти иқтидор дар соҳаи эҳёву табобати интенсивӣ ва пешгирии COVID-19.

Барои амалисозии қисми мазкур 24,26 млн доллари амрикоӣ пешбинӣ гардидааст, ки он барои харид ва таҳвили ваксинаҳои зидди бемории COVID-19, тестҳои ташхисӣ, доруворӣ, маводи масрафшаванда ва рушди инфрасохтори хизматрасонии соҳаи тандурустӣ масраф карда мешавад.

Қисми 2 — Банақшагирии бисёрсоҳавии чораҳои эътино ва таъмини омодагии ҷомеа.

Дар ин самт 0,16 млн доллари амрикоӣ барои дастгирии чорабиниҳои иттилоотию коммуникатсионӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ дар мавриди пандемия ва ваксинатсияи зидди COVID-19, коҳиш додани хавфҳои эҳтимолии марбут ба қабул накардани ваксина ва пахши иттилоот тавассути роҳҳои мухталифи алоқа ба нақша гирифта шудааст.

Қисми 4 — Амалисозӣ ва мониторинги Лоиҳа.

Барои қисми мазкур 0,58 млн доллари амрикоӣ пешбинӣ шудааст, ки дар доираи он амалисозии тадбирҳои иловагии дастгирии соҳаи иммунизатсия, мониторинг ва арзёбии рафти татбиқи Лоиҳа, идоракунии молиявӣ, нигоҳдории ҳайати кормандон ва хароҷоти амалиётӣ барои таъмини фаъолияти Лоиҳа анҷом дода мешавад.

— Татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2022 оғоз ёфта, анҷоми он 31-уми июни соли 2023 ба нақша гирифта шудааст,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *