Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозодаро қадрдонӣ кард

Бо мақсади муборизаи босамар бурдан бар зидди сирояти COVID-19 ва дар ин самт ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидан, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо Ифтихорномаи вижаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ қадрдонӣ гардид.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, маросими супоридани Ифтихорнома дирӯз, 18-уми феврали соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон зимни баргузории ҷаласаи шарҳи якҷояи соли якуми татбиқи “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” (Саммит-1) баргузор гардид.

— Ҷоизаро Илкер Даштан, мушовири СҶТ оид ба сиёсати тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода тақдим намуд. Тавре зикр гардид, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи шаш кишвари ҷаҳон ба шумор меравад, ки дар мубориза бар зидди сирояти COVID-19 ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *