Конор 5 миллион доллар ба даст меорад

Набарди размикори ирландӣ Конор Макгрегор бо Доналд Серроне рӯзи 18 – уми январ дар Лос – Вегас баргузор мегардад, хабар медиҳад сомонаи варзишии Essentially Sports.  

Маълум гардид, ки Конор Макгрегор дар муҳориба бо Доналд Серроне 5 миллион доллар ба даст хоҳад овард ва рақиби ӯ Доналд Серроне соҳиби 2 миллион доллар мегардад. Гуфта мешавад, ки барои Доналд Серроне ин миқдор маблағ гаронтарин гонорар дар таҷрибаи кории ӯст.

Зимнан, Конор дар муҳориба бо Ҳабиб Нурмагамедов 3 миллион доллар фоида ба даст оварда буд. Серроне бошад, дар охирин набарди худ бо Ҷастин Гейҷи ҳамагӣ 195 ҳазор доллар гирифта буд.

Макгрегор моҳи октябри соли 2018 аз размикори доғистонӣ Ҳабиб Нурмагамедов шикаст хӯрдаву аз он замон то ҳол ба майдони набард набаромада буд.

Конор Макгрегор ҳафтаи гузашта изҳор дошт, ки Ҳабиб Нурмагамедов аз ӯ сахт метарсад ва аз ин рӯ рақобати такрориро намехоҳад.

Доналд Серроне дар ду муҳорибаи  ахири худ аз ҳар ду рақибаш шикаст хӯрд аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *