Суғд ба осебдидагони ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод кумак кард
Аз номи сокинони вилояти Суғд ба мардуми аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод 210 тонна кумак ирсол гардид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, ин кумак, ки ҳаҷми умумии он 210 тоннаро ташкил медиҳад, аз маводи гуногуни хӯрока, сару либос, лавозимоти зарурии рӯзгор ва маҳсулоти сохтмонӣ иборат аст.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулин ҷиҳати бурда расонидани маҳсулоти сохтмонӣ, маводи ғизоӣ ва лавозимоти рӯзгор ба зарардидагони офати табиӣ супориш додааст.
“Мақсад аз ин иқдом, ки бо дастгирии бевоситаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд амалӣ гардид, дастгирии моддӣ ва маънавии сокинони зарардида мебошад”,-иттилоъ медиҳад манбаъ.




Ёдовар мешавем, ки пас аз рух додани офати табиӣ бо ибтикори Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон чораҳои фаврӣ ҷиҳати расонидани ёрӣ ба осебдидагон роҳандозӣ гардид.
Гуфта мешавад, ки ирсоли кумак аз вилояти Суғд низ дар идомаи чунин тадбирҳо амалӣ шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ