Судҳои Тоҷикистон 170 ҳазор парвандаро баррасӣ кардаанд
Соли 2024 аз ҷониби судҳои кишвар дар маҷмӯъ 169614 адад парвандаҳои маданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ, маъмурӣ, дархостҳои мақомоти тафтиши пешакӣ, пешниҳоди муассисаҳои ислоҳӣ ва Хадамоти иҷро баррасӣ шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023, 31 ҳазору 664 адад зиёд мебошад.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода шуд.
Аз ин:
-13326 парвандаҳои маданӣ;
-46063 парвандаҳои оилавӣ;
-12036 парвандаҳои ҷиноӣ;
-75379 парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ;
-8255 дархостҳои мақомоти тафтиши пешакӣ;
-6995 пешниҳодҳои сохтору мақомотҳои дахлдор мебошанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ