суд

Судҳои Тоҷикистон ба буҷет 125,6 миллион ворид кардаанд

Судҳои Тоҷикистон дар соли 2024 аз ҳисоби парвандаҳои баррасишуда беш аз 125,6 миллион сомонӣ ба буҷети давлатӣ ворид кардаанд. Дар ин бора Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, маблағи мазкур асосан аз ҳисоби ҷаримаҳо, мусодираи амвол ва ҷуброни зарари ба давлат расонидашуда ҷамъоварӣ гардидааст.

Тибқи маълумоти расмӣ, дар соли 2024 дар маҷмуъ 169 ҳазору 614 парванда, аз ҷумла маданӣ, ҷиноятӣ, оилавӣ, маъмурӣ ва парвандаҳо аз рӯйи дархосту пешниҳоди мақомоти дахлдор мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Ин нишондод нисбат ба соли 2023, ки 137 ҳазору 950 парванда буд, тақрибан 23 дарсад афзоиш ёфтааст.

Аз ҷумла, дар доираи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» дар соли гузашта 1 ҳазору 435 парвандаи маъмурӣ баррасӣ ва 1 ҳазору 409 нафар ба маблағи беш аз 11 миллион сомонӣ ҷарима шудаанд. Барои муқоиса, дар соли 2023 дар доираи ҳамин қонун 800 нафар ба маблағи зиёда аз 4,6 миллион сомонӣ ҷарима шуда буданд.

Ҳамчунин, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», соли 2024 дар маҷмуъ 27 ҳазору 782 парвандаи маъмурӣ ифтитоҳ гардида, 23 ҳазору 670 нафар ҷарима шудаву 4 ҳазору 135 нафар огоҳӣ гирифтаанд. Ҳаҷми умумии ҷаримаҳо дар ин самт беш аз 6 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *