Суди Олӣ парвандаи Рухшона Ҳакимоваро шарҳ дод

Суди Олии Тоҷикистон парвандаи хабарнигор Рухшона Ҳакимоваро, ки чанд рӯз пеш ба 8 соли зиндон айбдор шуд, шарҳ дод. Рухшона Ҳакимова модари 2 фарзанди ноболиғ аст, ки яке 10 моҳ ва дигаре 2,5 сол доранд.

Суди Олии Тоҷикистон гуфт, ки парвандаи Рухшона Ҳакимова ба гурӯҳи «ҷиноятҳои махсусан вазнин» дохил мешавад ва аз ин рӯ, қонунгузорӣ ба таъхир гузоштани иҷрои онро пешбинӣ накардааст. Яъне, Рухшона Ҳакимова муҳлати иҷрои ҷазояшро дар ҳузури фарзандони ноболиғаш сипарӣ намекунад.

Шавкат Лутфуллозода, муовини аввали раиси Суди Олии Тоҷикистон 13-уми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки «ҳукми Рухшона Ҳакимова ба гурӯҳи ҷиноятҳои махсусан вазнин дохил мешавад ва мавқуф гузоштани иҷрои онро қонунгузорӣ пешбинӣ накардааст».  

Қонунгузории Тоҷикистон барои модарони зиндоние, ки кӯдакони ширхор ва хурдсоли то 8-сола доранд, сабукӣ додааст. Яъне онҳо метавонанд то 8-сола шудани фарзандашон дар озодӣ бошанд. Аммо  аз Суди Олии Тоҷикистон шарҳ доданд, ки ин банди қонун барои онҳое, ки ҷиноятҳои сабук кардаанд, пешбинӣ шудааст. 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *